ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

16-05-2022
16-уми майи соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” миёни кормандони Вазорати маориф ва илм ва зерсохторҳои он бо “Сипоснома”-и Вазорати маориф ва илм ва туҳфаҳои пулӣ ҳавасманд гардонида шуданд. 
Аз ҷумла, Раҳимов Нурмуҳаммад (Нурӣ Муҳаммади Истам) – мудири шуъбаи тасҳеҳи Муассисаи нашриявии “Маориф” дар номинатсияи эҷоди назму наср (бахши назм) - ҷойи I – 3000 сомонӣ, Наврӯз Бобиев – мусаҳҳеҳи Нашрияи кӯдакон ва наврасон “Пайрав” (замимаи “Омӯзгор”) дар номинатсияи адабиёти муосир – ҷойи I – 3000 сомонӣ, Суриева Шакармо – ходими калони илмии шуъбаи фанҳои технологияи меҳнат, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии ҳарбии Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон - номинатсияи адабиёти классикӣ – ҷойи II – 2000 сомонӣ ва Қурбонзода Ҳусен – докторант PhD аз Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар номинатсияи адабиёти муосир - ҷойи II 2000 сомонӣ ва “Сипоснома”-и Вазорати маориф ва илм мукофотонида шуданд.
Ҳамчунин, Неъматова Бибиқанд – омӯзгори калони кафедраи методикаи таълими фанҳои гуманитарии Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф аз рӯйи хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти классикӣ иштироки фаъолона дошта, бо “Сипоснома”-и Вазорати маориф ва илм ва бо маблағи 500 сомонӣ ҳавасманд гардонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки санаи 29 апрели соли ҷорӣ даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо иштироки 9 нафар корманди дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки аз онҳо 4 нафар ба даври дуюми озмун роҳ ёфтанд. 
БАХТОВАР САФАРОВ