ҲАДАФИ НЕК БАҲРИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН

05-09-2018
Дар доираи ҳамкориҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар толори вазорат мулоқоти судманд доир гардид. Дар вохӯрӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нуриддин Саид, муовини якуми вазири маориф ва илм Р. Мирбобев, сардори раёсати байналмилалии вазорати маориф ва илм И. Комилзода ва ректори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Соҳил Нақиб, раиси Шӯрои парасторони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Шамс Карим Лакха ва директори иҷроияи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Музафар Ҷорубов итирок намуданд. Дар оғози мулоқот вазири маориф ва илм меҳмононро шодбош гуфта, аз муввофиқа расидан доир ба ҳамкориҳои дуҷониба изҳори андеша намуд. Дар идомаи суҳбат Шамс Карим Лакха раиси Шӯрои парасторони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ низ аз истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда, бо боварӣ доир ба ҳамкориҳо дар роҳи таёр намудани мутахассисони сатҳи касбӣ андешаҳои худро баён дошт. 
Сипас, роҳбарияти Вазорати маориф ва илм ва меҳмонон барои бастани Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба Вазорати корҳои хориҷӣ ташриф оварданд. Созишномаи мазкур бо мақсади омода намудани мутахассисони соҳибкасби дорои таҳсилоти олӣ ва дар бозори меҳнати дохилӣ ва хороҷӣ рақобатпазир, ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим, баланд бардоштани сифати таълим, инчунин мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи байналмилалии  эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондани фаъолияти таълимӣ (илмҳои гуманитарӣ, табиатшиносӣ ва даққиқ дар шаҳри Хоруғ) ба имзо расонида шуд.
Саймуҳаммади Изатулло
- корманди Маркази матботи Вазорати маориф ва илм