ВОКУНИШ БА МАТЛАБИ ҲАФТАНОМАИ ҶАМЪИЯТӢ-СИЁСИИ ФАРАЖ, КИ БО НОМИ “МАН МУАЛЛИМ МЕШАВАМ” БО МУАЛЛИФИИ Ҳ. ТОҲИРӢ ДАР ТАЪРИХИ 4-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2020 ДАР ШУМОРАИ №45 (727) НАШР ШУДААСТ

17-12-2020
 
Сараввал, бояд гуфт, ки дар ҷомеаи кунунии Тоҷикистон аз ҳама зиёд соҳаи маориф муҳокима мегардад, зеро ҳар оилаи кишвар бо ин соҳа пайванди ногусастанӣ дорад. Ва албатта, ҳама он муҳокимаҳову навиштаҳову гуфторҳо як паҳлуи масъаларо дарбар намегиранд. Яке танқид мекунад, дигаре таъриф ва саввумӣ бетарафона мушкилӣ ё пешравиҳоро инъикос мекунад.
Бояд тазаккур дод, ки дар натиҷаи баррасии матлаби “Ман муаллим мешавам” ба хулосае расидем, ки қаҳрамонҳои дар матлаб овардашуда воқеӣ нестанд, балки типпикунонӣ шудаанд. Яъне, муаллиф дар доираи яке аз жанрҳои публитсистӣ-ҳаҷвӣ матлаб навиштааст, ки аз дирӯзу имрӯзи мушкилоти муаллимон мегӯяд.
Инчунин, ёдовар мешавем, ки дар матлаби мазкур ҳодисаву воқеот, қаҳрамонҳо ва ҳолати ҷойдошта маҳсули тахайюли муаллифанд ва мақсади асосии матлаб пешгирӣ аз чунин усули дарсӣ дар макотиби олӣ ва пеши роҳи чунин муаллимонро гирифтан аст.
Илова ба ин, гуфтан бо маврид аст, ки навиштаи мазкурро ҳамчун ҳаҷвия қабул кунем ҳам мешавад, зеро қаҳрамонҳои бофта, ҳаводиси зикргардида хандаовар ва муассиранд.
Ҳадафи памфлет камбудиҳои ҷомеаро дучанд карда нишон додан аст, ки мақсад ислоҳи ин камбудиҳо мебошад. Камбуду норасоиҳо дар сурате бартараф карда мешаванд, ки ҳар фарди ҷомеа дар ҳар зинае, ки бошад барои рафъи он кӯшише ба харҷ дода бошад.  Дар памфлети «Ман муаллим мешавам» муаллиф ба масъалаи масъулият дар соҳаи таълиму тарбия рӯ овардааст.  Масъалаи мавриди назар яке аз масоили муҳимми ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб мешавад, зеро ҳар як оилаи кишвар бевосита ба ин соҳа пайванди ногусастанӣ дорад. Ва албатта, тамоми он муҳокимаву навиштаҳо моҳияти масъаларо ба пуррагӣ дар бар намегиранд. Яке танқид, дигаре таъриф, сеюмӣ мавқеи бетарафиро ишғол мекунад, яъне нуқтаи назарҳо гуногун аст.
Тавассути ин памфлет муаллиф ба истифода аз типпикунонии образҳо  диққати масъулини соҳаро ба ин масъала ҷалб намуда, ҳамзамон ҳушдор медиҳад, ки дар кори пурмасъулият ва заҳматталаби омӯзгорӣ саҳлангорӣ набояд, зеро касби омӯзгорӣ пешаи бошараф ва муқаддас аст ва ашхоси тасодуфӣ аз уҳдаи ин амали ниҳоят сангин баромада наметавонанд.
Дар ин памфлет муболиға ва зиёдаравӣ низ мушоҳида мешавад. Масалан, «Ӯ муаллими аҷиб ва ҷиддист. Барои он ки ба масъалаи ҳоҷатхона рафтани шогирдони духтараш таваҷчӯҳ дорад…». «Ӯ муаллими аҷиб ва ҷиддист. Ӯ барои он ки сиёсати ҷиддияшро дар дилхоҳ гурӯҳ ҷорӣ кунад… онҳоро маҷбур мекунад, ки… ба якдигар изҳори муҳаббат кунанд.» Чӣ навиштаи номуносиб, нофорам ва сафсата. Инҷо муаллиф ба қавле аз ҳад гузаронидааст.
Бо мақсади ислоҳи норасоиву камбулиҳо ҷаҳду ҷадал кардан хуб аст, вале дар ҳама ҷо риояи меъёр яке аз шартҳои муҳимми одобу ахлоқ дониста мешавад, зеро хуб гуфтаанд, ки:
Андоза нигаҳ дор, ки андоза накӯст,
Ҳам лоиқи душман аст ҳам лоиқи дӯст.
 
Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон