Вокуниш Ба мақолаи «Сатҳи дониши на танҳо хонандагон, балки омӯзгоронро низ назорат бояд кард», ки таърихи 27. 04. 2019 № 47 (3997) дар рӯзномаи «Садои мардум» рӯи чоп омадааст

06-06-2019
Тайёр намудани кадрҳои соҳибкасб, такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо синфхонаҳои фаннӣ, китобҳои дарсӣ ва компютеркунонии онҳо баланд бардоштани  сифати таълиму тарбия дар ҳама зинаҳои таҳсилот, рушди таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба гирифтани таҳсилоти босифат замина мегузорад. 
Муаллиф дар матлаби хеш қайд мекунад, ки «Мутаасифона, дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон таъмини чанде аз ин бандҳо тибқи баҳои коршиносон ба талабот ҷавобгӯ нест. Сифати таълиму тарбия ва дараҷаи забондонии муҳасилини муассисаҳои таълимӣ хеле паст аст, кадрҳои баландихтисос намерасанд».
 Бояд зикр намуд, ки Вазорати маориф ва илми кишвар ҷиҳати ба талаботи замон мувофиқ кунонидани мундариҷаи барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ  тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуд. Аз ҷумлаи онҳо таҳия кардани стандартҳои фаннӣ, барномаҳои таълимии ба муносибати босалоҳият ба таълим  нигаронидашуда ва маводи  методии ёрирасон барои омӯзгорон мебошанд, ки имрӯз мавриди истифода қарор доранд.
Мушкилоти ташаккули салоҳиятҳои асосии хонандагон бо зиёд кардани соатҳои дарсӣ (сарбории хонанда) ва ҳаҷми маводи иттилоотӣ аз байн намеравад, зеро моҳияти муносибати босалоҳият ба таълим, пеш аз ҳама, пешниҳоди дониш ва иттилооти зиёд нест, ҳадафи он фароҳам овардани имкон барои ҷустуҷӯ, дарёфт ва истифодаи мустақилонаи иттилооти зарурӣ мебошад. Таълим дар раванди ин муносибат ба дарёфти шаклу усулҳои зуд ва самаранок азхудкунии иттилоот, яъне ҳалли он на тавассути ворид кардани тағйирот ба нақшаи таълимӣ (зиёд кардани миқдори соатҳои дарсӣ, соли таҳсил ва ғайра), балки нигаронидани раванди таълим ба ташаккули маҳорати худомӯзии хонанда арзёбӣ мегардад. Салоҳияти асосии имрӯза ва махсусан, фардо - маҳорати баҳо додан, тасниф ва дарк кардан ва бунёди иттилои нав  ҳисобида мешавад.
Дар матлаби мавриди назар дар қатори дигар мушкилоти соҳа, масъалаи норасоии китобҳои дарсӣ низ баррасӣ шудааст. Дар воқеъ, норасоии китобҳои дарсӣ на танҳо дар вилояти Хатлон, балки дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ то ҷое ба назар мерасад. Пеш аз ҳама, омили норасоии китобҳои дарсӣ сол то сол афзудани шумораи хонандагони муассисаҳои таълимӣ аст. Аз ҷониби дигар, ҳамасола маблағҳои иҷораи китобҳои дарсӣ, ки манбаи асосии чопи китобҳои минбаъдаанд, на ҳамеша пурра аз ҷониби шуъбаҳои маориф пурра пардохт мешаванд. Новобаста ба ин, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи имконияти мавҷуда барои чопи китобҳои дарсӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ мекунад. Танҳо дар соли 2018 аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои таълимӣ 96 номгӯй китоби дарсӣ ба миқдори 3 201 966 нусха ирсол карда шудааст. Соли ҷорӣ низ нашри 40 номгӯйи китоби дарсӣ ба теъдоди беш аз 5 миллион нусха ба нақша гирифта шудааст.
Дар мақола гуфта мешавад, ки соли ҷорӣ аз ҷониби муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон барои таъмини 2 миллион нусха китоби дарсӣ дархост шудааст, вале аз ҷониби вазорат 600 ҳазор нусха китоби дарсӣ таъмин карда шудааст. Вале ба як нуқта бояд таваҷҷуҳ кард, ки аз он ки шуъбаҳои маорифи вилояти Хатлон барои 2 миллион нусха китоби дарсӣ дархост пешниҳод кардааст, маънои онро надорад, ки дар ҳаққиқат ҳамин миқдор китоби дарсӣ норасоӣ дорад. Тавре аз таҳлилҳои мо маълум аст, бештари ин дархосту эҳтиёҷотҳо ба китобҳои дарсӣ аз ҷониби мутасаддиёни раёсату шуъбаҳои маориф сарсарӣ ва бе таҳлили ҷиддӣ пешниҳод мешаванд. Дар асл, аз даврае, ки раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилояти Хатлон дар соли 2018-2019 барои таъминот бо китобҳои дарсӣ дархост пешниҳод кардаанд (тибқи муқаррарот ҳамасола аз моҳи сентябр ҷамъоварии эҳтиёҷот ба китобҳои дарсӣ шурӯъ мешавад) 1 миллиону 216 ҳазору 80 нусха китоби дарсӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ба раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилояти Хатлон таъмин карда шудааст. Айни замон марҳилаи чопи китобҳои дарсӣ идома дорад, ки китобҳои чопшуда давра ба давра ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ирсол карда мешаванд. Вале дар баробари ин ҳама тадбирҳое, ки аз ҷониби вазорат роҳандозӣ шудааст, раёсат ва шуъбаҳои маорифиро мебояд, ки дар пардохти маблағҳои иҷораи китобҳои дарсӣ ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд. Бинобар сабаби хунукназарии мутасаддиёни соҳа маблағи қарзи раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилояти Хатлон аз ҳисоби иҷораи китобҳои дарсӣ 10 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки бо ин маблағ 10 номгӯйи китоби дарсиро чоп кардан имкон дорад.     
Дар мақолаи мазкур, ҳамчунин, оид ба ҷой доштани ғалатҳо дар китобҳои дарсӣ ишора шудааст. Вале роҷеъ ба ин масъала ҳамон тавре, ки борҳо таъкид доштем, бояд назарҳо бо далел пешниҳод шаванд, на ин ки сатҳиву рӯякӣ. Имрӯз аллакай нашрҳои сеюм ва чоруми китобҳои дарсӣ бо назардошти ислоҳоти соҳаи маориф, хусусан гузаштан ба муносибати босалоҳият ба таълим аз нигоҳи мазмун ва мундариҷа такмил ёфта, нашр шуда истодаанд. Дар мадди аввал тамоми китобҳои дарсии синфҳои ибтидоӣ, соли 2018 китобҳои дарсии фанҳои табиию риёзӣ бо назардошти муносибати босалоҳият ба таълим нашр ва дастрас шуданд. Соли ҷорӣ бошад, таҳия ва нашри китобҳои фанҳои ҷомеашиносӣ (забоншиносӣ) бо ин тартиб дар назар дошта шудааст. 
Тавре дар мақола баён шудааст, «забондонии хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар  ба талабот ҷавобгӯй нест», «дониш ва маҳорати касбии хатмкардагони МТОК  кофӣ нест» ва «миқдори соати таълмӣ дар нақшаи таълим  барои фанни мазкур 2 соат муқаррар шудааст, ки  нокифоя аст. Соатҳои таълимӣ бояд зиёд карда шаванд».
Бо назардошти камбудиҳои баёншуда ёдовар мешавем, ки  Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон ба МОҶТ (26.12.2018)  доир  ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ  чунин таъкид карда буданд: “Ҳанӯз соли 2003 Фармони Президенти кишвар дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва  англисӣ қабул шуда буд. Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки натиҷаҳо дар ин масъала чандон қонеъкунанда нестанд. Агар мо хоҳем, ки бо ҷомеаи пешрафтаи башар баробар қадам гузорем, бояд ба ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳем. Аз ин рӯ, ба Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи илмҳо супориш дода мешавад, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 барномаи нави такмили таълими забонҳои русӣ ва англисиро барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод намоянд.” 
Ҳарчанд дар ибтидо ишора шуд, ки танҳо зиёд кардани соат ин ҳалли кор нест, аммо вобаста ба иҷрои супоришҳои Сардори давлат  Пажӯҳишгоҳи рушди маориф дар якҷоягӣ бо гурӯҳи корӣ лоиҳаи Стратегияи рушди такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисиро то давраи соли 2030  таҳия карданд. 
Дар Стратегияи мазкур  як қатор пешниҳоду вазифаҳо дарҷ шудаанд, ки бевосита  ба ислоҳи камбудиҳои  дар мақола  зикршуда мусоидат хоҳад намуд. Аз ҷумла.
- зиёд кардани соатҳои дарсии забонҳои русӣ ва англисӣ;
- таҷдиди назар ва такмили пурраи китоб, барномаҳои фанҳои забони русӣ ва  англисӣ;
- ҷорӣ кардани омӯзиши пайвастаи забонҳои русию англисӣ дар  муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ  ва зинаҳои минбаъдаи таҳсилот;
- навсозии мазмун, методҳои таълими забонҳои русию англисӣ дар асоси Консепсияи миллии таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- фароҳам сохтани заминаҳои моддию методӣ ва техникӣ барои  омӯзиши забонҳои русию англисӣ;
- таҳияи чораҳои комплексии тарғиб, омӯзиши забонҳои русию англисӣ бо ёрии матбуоти даврӣ, телевизион ва радио;
- омода кардани кадрҳои баландихтисос ва  тавассути курҳои такмили ихтисос баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон ва дар ин замина  муайян намудани самтҳои сифатан нави омода сохтани омӯзандагони забонҳои русию англисӣ;
- гурӯҳбандии хонандагон зимни дарсҳои забонҳои русӣ ва англисӣ. 
Бояд зикр кард, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо зерсохторҳои худ Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҳафтаномаи «Омӯзгор», маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» тибқи нақшаи чорабиниҳо як қатор чорабиниҳоро оид ба сифати таҳсилот роҳандозӣ намуд. Пешниҳодҳо аз рафти ин чорабиниҳо оид ба масъалаи мазкур, ба сохторҳои дахлдор расонида шуданд, ки метавонанд барои ислоҳи камбудиҳо дар ин самт мусоидат намоянд. 
Дар мавриди ба пуррагӣ интихоб накардани теъдоди зиёдт хонандагони синфҳои 10-11 ба таҳсилоти равиявӣ қайд кардан ба маврид аст, ки дар асоси Нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020  (қарори мушовараи ғайринавбатии  ВМИҶТ № 19/1 аз 05.08.2015) дар зинаи сеюми таҳсилоти умумӣ, яъне синфҳои 10-11 таълими равиявӣ пешбинӣ гардидааст, ки ба ин васила хонандагон метавонанд, мувофиқи майл ва қобилият, таҳсилро  бо назардошти интихоби касб муайян намоянд. Зикр мегардад, ки  таълими равиявӣ дар ин зина аз рӯи равияҳои ҷамъиятӣ -гуманитарӣ, табиӣ- математикӣ ва технологӣ муайян  шуда,  муассисаҳои таҳсилоти умумие, ки шумораи хонандагонашон ду синфи 10, ду синфи 11 ва зиёда аз онро ташкил медиҳанд, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон таълими равиявиро ба роҳ мемонанд. Тартиби интихоби хонандагон ба синфҳои таълими равиявӣ дар асоси талаботи “Тартиби ба синфҳои таълимӣ- равиявӣ ҷудо намудани хонандагони МТУ Ҷумҳурии Тоҷикистон ” сурат мегирад. 
Бо назардошти махсусият ва талаботи нақшаи таълим  ташкили таълими равиявӣ ба дӯши роҳбарият ва масъулони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар вогузор шудааст. 
Ин нуқта  ҳам боиси қайд аст, ки ислоҳи камбудиву рушди соҳаи маориф танҳо кори масъулини Вазорати маориф ва илм набуда, балки кори ҳамагонист, ки аз ҳар як фард масъулияти бештарро тақозо менамояд. Танҳо дар ин сурат мо метавонем ба дастовардҳои назаррас ноил гардем.
Маркази матбуоти
 Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон