ВМКБ: КАМБУДИҲО БАРТАРАФШАВАНДААНД

29-01-2019
Ҷавоб ба маводи «Ҳоли маориф дар ВМКБ нигароникунанда аст», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (шумораи №85, санаи 30.04.2018) нашр шудааст
 
Рӯзноманигор Раҳмони Гулзор аз ҳисоботи собиқ раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед дар ҷаласаи роҳбарони идораву муассисаҳои вилоятӣ истифода намуда, аз он изҳори нигаронӣ намудааст, ки аз беаҳмиятӣ нисбат ба хонандагони болаёқати вилоят дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ хонандагон наметавонанд соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гарданд.
Вобаста ба ин ва дигар мушкилоти соҳа бояд қайд кард, ки ҳамасола гурӯҳҳои кории вазорат тамоми самтҳои фаъолияти муассисаҳои таълимиро дар шаҳру ноҳияҳо мавриди санҷиш қарор дода, зимни баргузории ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои санҷишро баррасӣ намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо чораҳои дахлдорро меандешанд.
Дар ҷаласаи навбатии сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо иштироки муовини якум, муовинон ва роҳбарони зерсохторҳои вазорат дар ВМКБ баргузор гашт, фаъолияти маорифчиёни вилоят баррасӣ шуд. Зимни санҷишҳо маълум гардид, ки соли таҳсили гузашта муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро 2957 нафар хатм намуда, 2083 нафар дар ММТ ба қайд гирифта шуда, 1420 нафарашон ба донишгоҳ ва донишкадаҳои кишвар дохил шуданд, инчунин 172 нафар тибқи квотаи Президентӣ, 117 нафар тибқи квотаи иловагӣ ва 235 нафар дар муассисаҳои касбии хориҷи кишвар таҳсили худро идома дода истодаанд, ки дар маҷмӯъ, 65,7 фоизи хатмкунандагонро ташкил медиҳад. Ин нишонаи он аст, ки таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ хуб ба роҳ монда шуда, хонандагон донишҳои заруриро аз худ мекунанд. 
«Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятро ҷиҳати ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба таҳсил бештар гардонидааст. Татбиқи барномаи мазкур имконият медиҳад, ки дар шаҳру ноҳияҳо марказҳои таълимиву илмии махсусгардонидашуда ва марказҳои эҷодии техникӣ барои хонандагони лаёқатманд таъсис дода, дар онҳо шароити муосири таълиму тарбия муҳайё карда шаванд. Дар асоси бандҳои Барномаи мазкур мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо супориш гирифтанд, ки дар марказҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳоро ташкил диҳанд. Ба фаъолият пардохтани ин марказҳо дар вусъати ҳаракатҳои олимпӣ, дарёфт ва шинохти истеъдодҳо ва ба ин васила, омода намудани захираҳои зеҳнӣ дар оянда мусоидат мекунад. Дар ВМКБ низ Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар раёсати маорифи вилоят, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Рӯшон, Роштқаъла, Ванҷ, Шуғнон, Ишкошим, Мурғоб ва диагар ноҳияҳо фаъолият мекунанд.
Танҳо зарур аст, ки хонандагон ба марказҳо ҷалб гардида, барои сайқал додани дониши худ ва иштирок дар олимпиадаҳо талош варзанд. Хуб мебуд агар ба ин мавод на аз Вазорати маориф ва илм, балки аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ҷавоб талаб мекарданд. 
 
Маркази матбуоти Вазорати
 маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон