ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ФАСОДЗАДА НЕСТ!

05-08-2019
Вокуниш ба хабари «Ожонс фасодзадатарин соҳаҳои Тоҷикистонро эълон кард»-и сомонаи «Sputnik.tj» ва дигар баҳсу мунозираҳои корбарони расонаҳои иттилоотию шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба ин мавзӯъ
 
Солҳои охир ба қавле муд шудааст, ки баъди баргузории нишасти матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия сару садои зиёд дар расонаҳои хабарӣ дар мавриди фасодзадатарин вазорату соҳаҳо пахш шавад. Нимсолаи аввали соли 2019 низ чун анъана ин оддат аз мадди назари расонаҳои хабарӣ дур намонд. Чунонӣ, дар хабари «Ожонс фасодзадатарин соҳаҳои Тоҷикистонро эълон кард», ки дар сомонаи «Sputnik.tj» рӯзи 30-юми июли соли ҷорӣ мунташир шадааст, омадааст: «Кормандони Вазорати маориф бо содир кардани 85 ҷиноят дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар садри рӯйхати ниҳодҳои фасодзадаи Тоҷикистон қарор дорад. Ин нуқтаро имрӯз, 30-юми июл Сулаймон Султонзода, директори Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод, дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт».
Ба таваҷҷуҳи хабарнигори расонаи мазкур мерасонем, ки на дар шашмоҳаи аввали соли 2019 ва на дар солҳои қаблӣ ягон нафар аз кормандони Вазорати маориф ва илми кишвар ба ҷиноятҳои коррупсионӣ даст назадаанд ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҳам кашида нашудаанд.
Ин иштибоҳи ҳамешагист, ки рӯзноманигорон бисёр вақт соҳаро аз вазорат фарқ намекунанд. Аз ин сабаб, дар ин матлаб моро мебояд нахуст фарқи соҳаро аз вазорат барои рӯзноманигорони муҳтарам биорем. Дар Фарҳанги забони тоҷикӣ чунин омадааст: Вазорат-муассисаи марказии ҳукуматӣ, ки идора кардани соҳае ба он вогузор шудааст. 2. Биное, ки ин муассиса ҷой гирифтааст, вазоратхона: вазорати адлия, вазорати маориф, вазорати молия, вазорати корҳои дохилӣ, вазорати корҳои хориҷӣ… Соҳа-арсаи хоси ягон фаъолият, илм, истеҳсолот ва ғ.: соҳаи адабиёт, соҳаи назм, соҳаи савдо, соҳаи саноат, соҳаи чорводорй.
 Инчунин, дар Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм буда, сиёсати ягонаи давлатӣ ва танзими меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи маориф ва илм, таълиму тарбия, фаъолияти илмию техникӣ, васояту парасторӣ, дастгирӣ ва ҳифзи иҷтимоии таълимгирандагон ва тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимӣ амалӣ менамояд (Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 03.03.2014, №145).
Ҳамзамон, ба таваҷҷуҳи хабарнигори сомонаи «Sputnik.tj» мерасонем, ки дар варақаи иттилоотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ки ба мо дастрас гардид, чунин омадааст: «Қобил ба зикр аст, ки ҷиноятҳои коррупсионӣ дар соҳаҳои маориф ва илм 85, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 83, нақлиёт 12, кишоварзӣ 24, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 53 ва ғайра». Яъне, дар ягон қисмати он истилоҳи «вазорат» дарҷ нагардидааст ва ҳам гуфта нашудааст, ки кормандони Вазорати маориф ва илм бо амалҳои коррупсионӣ дастгир ва ба ҷиноят кашида шуда бошанд. 
Илова ба ин, дар варақаи иттилоотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия инчунин омадааст, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ соҳаи бонкӣ 139, субъектҳои хоҷагидори ғайридавлатӣ 257, соҳибкорони инфиродӣ 265 ва дигар вазорату корхонаҳо 187 адад ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Агар ин сохторҳои номбурдаро, ки дар муқоиса ба соҳаи маориф ва илм чандин маротиба хурд ҳастанд, муқоиса кунем, соҳаи маориф ҳеҷ гоҳ «соҳаи фасодзадатарин» набояд дониста шавад.
Имрӯзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 123256 нафар омӯзгор, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 5775 нафар омӯзгор ва 221 нафар корманд, дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 2508 нафар омӯзгор ва устоҳои техникии таълимию истеҳсолӣ ва 1307 нафар корманд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 11693 нафар омӯзгорон ва 2069 нафар корманд (ба истиснои кормандони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои илмӣ), дар умум 146829 нафар ба таълиму тарбияи насли наврас машғул аст. Агар 85 ҳолатро ба 146829 нафар тақсим кунем, ба ҳар як корманд 0,0005 ҳолат рост меояд. Ва агар дар умум соҳаро дар назар гирем, беш аз 3 миллион дар «тим»-и он шомил аст, ки ин 85 ҳолатро тахминан ба 3 миллион тақсим кунем, 0,00002 ҳолат рост меояд, ки дар муқоиса ба дигар соҳаҳои номбаршуда даҳову садҳо ё шояд миллионҳо ҳолат камтар аст.
Ин нуктаро ҳам бояд дар назар дошт, ки на ҳамаи муассисаҳои таълимӣ тобеи Вазорати маориф ва илм мебошанд. Танҳо 28 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 12 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, 14 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар тобеияти Вазорати маориф ва илм қарор дошта, 636 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 3850 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 60 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, 26 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тобеи дигар вазорату кумита, ташкилоту идора ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мебошанд, ки вазорат ба ҷуз назорати раванди таълиму тадрис на ба сиёсати кадрӣ ва на ба сиёсати молиявии ин муассисаҳо сари кор надорад.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо бемории ҷомеаи муосир-коррупсия тамоми чораҳои зарруриро меандешад. Дар асоси «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва «Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2013, №1504 тасдиқ карда шудааст, Барномаи зиддикоррупсионии соҳаи маориф барои солҳои 2013-2020 ва Нақшаи чорабиниҳои зиддикоррупсионии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида, ҳуҷҷатҳои мазкур дастраси ҳамаи муассисаҳои таълимӣ гардонида шудаанд.
Аз тамоми ҳамкасбони гиромӣ, хоса, хабарнигорон хоҳиш менамоем, ки дар инъикоси хабару гузоришҳо аз рӯи яке аз принсипҳои асосии журналистика «ҳаққиқатнигорӣ» амал намуда, ба истилоҳҳои «вазорат», «сохтор» ва «соҳа» мантиқан назар кунанд.
Маркази матбуоти
 Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон