Устодони ботаҷриба бо моанд

23-03-2018
(Ҷавоб ба мақолаи «Вакилони мо пир шуданӣ нестанд»-и омӯзгор Майсара Шералӣ, «СССР», 15 феврали соли 2018)
 
Бадеҳист, ки дар рушди маориф, ки яке аз соҳаҳои муҳимми иҷтимоиёти кишвар маҳсуб меёбад, саҳми омӯзгорони пешқадам, педагогҳои ботаҷриба калон аст. Як ҳиссаи бузурги аҳли маорифро омӯзгорони насли пешин, онҳое, ки дар таълиму тарбияти насли наврас таҷрибаи бештар доранд ва гармию сардии зиндагиро паси сар кардаанд, ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, он фикри омӯзгор Майсара Шералӣ, ки омӯзгорони калонсолро дар муассисаи таълимӣ аз кор дур карда истода бошанд, ба ҳақиқат рост намеояд. Дар тамоми муассисаҳои таълимӣ омӯзгорони синну солашон калон ва дар нафақа, ки малакаю имкони кор кардан доранд, машғули меҳнатанд ва маҳз онҳоянд, ки ба мутахассисони ҷавон касб меомӯзанд. Тибқи дастури вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд дар навбати аввал омӯзгороне, ки ба синни 75 ва 80 расидаанд, ба истироҳати арзанда фиристода мешаванд, ки ин табиист. Дигар андешаҳои муаллиф дар бораи он ки берағбатии мутахассисони ҷавонро ба кори омӯзгорӣ ба сустии дониши донишҷӯёни гурӯҳҳои шартномавӣ, ба маршировка ҷалб кардани онҳо медонад, низ дуруст нест. Зеро ба ҳамагон муайян аст, ки донишҷӯён маҷбуран ба ягон хел «маршировка» ҷалб намешаванд. Хуллас, дар мақола фикру мулоҳизаҳои парешон баён шуда, чи гуфтану хостани муаллиф ноайён аст. 
Бо вуҷуди ин, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи таҷрибаи кормандони куҳансоли соҳаи маорифро яке аз ҷанбаҳои асосии фаъолияти хеш дониста, дар ин бобат чораҳои зарурӣ низ меандешад.
Маркази матбуоти Вазорати маориф 
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон