Устод Сафват рост мегӯяд

30-01-2019
Ҷавоб ба навиштаи омӯзгор З. Ҷамолзода аз деҳаи Муҷихарфи ноҳияи Нуробод зери унвони “Устод Сафват рост мегӯяд”, ки  дар ҳафтаномаи «СССР» (аз 17-уми январи соли 2019) нашр шудааст
 
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ, раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ва раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ навиштаи омӯзгор З. Ҷамолзодаро аз деҳаи Муҷихарфи ноҳияи Нуробод, ки дар ҳафтаномаи «СССР» (аз 17-уми январи соли 2019) чоп шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.  
Дар нутқи худ З. Ҷамолзода ба се самти фаъолияти соҳаи маориф интиқод кардааст:
- душворфаҳм ва ба талабот ҷавобгӯ набудани китобҳои таълимии муассисаҳои миёнаи умумӣ;
- сатҳи пасти забондонии хонандагони муассисаҳои миёнаи умумӣ;
- мавҷуд будани фаннҳои нолозим дар донишгоҳои олии кишвар.
Дар матлаб З. Ҷамолзода андешаҳои рӯзноманигор С. Бурҳонов, ки дар мақолаи «Ислоҳоти миллӣ» баён шудаанд, ҷонибдорӣ намуда, хоҳони гузаронидани «реформаи фаврии маорифи миллӣ» шудааст. Дар давоми матлаби худ ӯ гуфтааст, ки: “Аксарияти кутуби таълимии мактаби миёна душворфаҳм буда, ба талабот ҷавобгӯ нестанд”. 
Номбурда баъд аз ин гуфтаҳо барои тақвияти даъвои хеш бояд ягон далел меовард, аммо ӯ ақаллан як мисоли мушаххас наовардааст. Ба ҳар ҳол, Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ ба воситаи мактуби расмӣ аз муаллифи матлаб З. Ҷамолзода талаб хоҳад кард, то мушаххасан бигӯяд, ки маҳз дар кадом, ба гуфти худаш, “кутуб”-и дарсӣ (дар кадом саҳифаҳои онҳо) вожаву ҷумлаҳои душворфаҳм дидааст.
Як чиз боиси тааҷҷуб аст, ки эшон худ аз душворфаҳм будани китобҳо гила мекунаду дар луқманомааш вожа (калима)-ҳоеро истифода бурдааст, ки дар забони тоҷикӣ хеле ва хеле кам истифода мешаванд, масалан кутуб, реформа, русто, макотиб. 
Ногуфта намонад, ки то ба сифати китоби дарсӣ тасдиқ шудани дастхатҳо онҳо аз якчанд марҳала мегузаранд. Дастхатҳо дар марҳалаи аввал ба муассисаҳои экспертии системаи маориф (Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи АТТ, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Маркази ҷумҳуриявии таълимиву методӣ) ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва таҳсилоти олии касбӣ барои экспертиза ва арзёбӣ фиристода мешаванд. 
Баъд аз ин онҳоро (дастхатҳоро) аъзои гурӯҳи ҳамоҳангсози фанҳои дахлдори Шӯрои миллии таҳсилот арзёбӣ мекунанд. Дар сурати мусбат арзёбӣ шуданашон онҳо барои муҳокимаву баррасӣ ва тасдиқ ба Шӯрои миллии таҳсилот ва ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд. 
Баъдан, ин адабиёти таълимӣ аз ҷониби муҳаррирон ва мусаҳҳеҳони муассисаи тобеи вазорат - МН “Маориф” ё ягон муассиса ё ширкати нашриявии дигар таҳрир ва тасҳеҳ мешавад ва танҳо баъд аз ин озмуни чопи адабиёти таълимии мавриди назар эълон карда мешавад.
Дар мавриди омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои миёнаи умумӣ бояд қайд кард, ки имрӯзҳо ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ одамон аз шеваҳои гуногун истифода менамоянд. Дар муассисаҳои таълимӣ барои омӯхтани забони хориҷӣ аз навиштани ҳарф оғоз намуда, дар муқоиса бо забони тоҷикӣ  омӯзонида шуда, сохтори мукаммали забони хориҷӣ ба пуррагӣ таълим дода мешавад. Дар марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба муошират равона мегардад, ки сатҳист ва калимоти рӯзмарраю истилоҳоти камеро дарбар мегирад. Инчунин, шахсоне, ки ба марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ мераванд, азму ирода ва завқу рағбати зиёд доранд.
Дар муассисаҳои таълимӣ бошад, омӯзиши забонҳои хориҷӣ тибқи нақшаю барномаҳои ягона роҳандозӣ мегардад. Танҳо аз хонандагону донишҷӯён масъулияти бештар талаб менамояд, ки ҷиддӣ ба омӯзиши забонҳо машғул шаванд.
 Оид ба мавҷуд будани  фанҳои нолозим ва ғайриихтисос дар муассисаҳои олии касбӣ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар бо ҳидояту дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррасро ба сомон расонида истодааст. 
Бо мақсади ба низом даровардани соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва дар ин замина, тибқи талаботи бозори меҳнат омода кардани мутахассисони гуногунсоҳаи рақобатпазир санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд таҳия ва ба тасвиб расонида шудааст. Яке аз санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки зинаи таҳсилоти олии касбиро ба танзим медарорад, Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.02.2017, №94) маҳсуб меёбад.
Тибқи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зинаҳои таҳсилоти бакалавриат ва мутахассис стандартҳои давлатии таълимӣ аз рӯи ихтисосҳо ва нақшаҳои таълимии фанҳои тахассусӣ таҳия ва қабул карда мешаванд.
Нақшаҳои таълимии ихтисосҳо аз 4 бахш: а) бахши фанҳои гуманитарӣ; б) бахши фанҳои табиӣ-риёзӣ; в) бахши фанҳои умумикасбӣ ва г) бахши фанҳои тахассусӣ иборат мебошанд. 
Номгӯйи фанҳои таълимии бахши 1 ва 2-и нақшаҳои таълимии ихтисосҳо ҳамчун фанҳои ёрирасон барои ташаккули ҷаҳонбинии илмии донишҷӯ мусоидат намуда, ҳамагӣ то 30%-и миқдори умумии кредитҳо (соатҳо)-и фанҳои таълимии ихтисосҳоро ташкил медиҳанд. Ба бахшҳои умумикасбӣ ва тахассусӣ бошад 70%-и миқдори кредитҳои фанҳои таълимӣ тааллуқ доранд, ки дар онҳо фанҳои барои ихтисоси ояндаи донишҷӯ зарур омӯхта мешаванд. Ин стандартҳо дар тамоми муассисаҳои олии кишвар як хел ба роҳ монда шуда, ҳамчун фанҳои “нолозим ва ғайриихтисос”–и гуфтаи Шумо намебошанд. 
 
Маркази матбуоти Вазорати
маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон