Таваҷҷуҳ бештар мегардад (Ҷавоб ба мақолаи «Таҳсилоти иловагӣ. Бурдҳо ва бохтҳо»-и Меҳрангез Қодирова, «Ҷумҳурият», 2 январи соли 2018)

08-05-2018
Мақолаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар мавриди муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ саривақтӣ буда, дар он дастовард, мушкилоти ин муассисаҳо ҳамчун падидаи навини даврони истиқлолият дар соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Масъулони соҳа: директори маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ Умед Сафаров, мудири шуъбаи кишваршиносии марказ Шаҳриёр Назаров оид ба маҳфилҳои марказҳои ҷумҳуриявӣ, ноҳиявӣ, дастоварду мушкилоти он ва роҳҳои ҳалли онҳо маълумоти муфассал пешниҳод кардаанд, ки дар рӯзнома ба нашр расидааст. Муҳимтарин вазифаи мактаб ва ҷомеа дар шароити нави таърихӣ аз он иборат аст, ки шогирдонро дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ, дарки равшани арзишҳои умумимиллӣ, осори ниёгон  ва умумибашарӣ тарбия намоянд. 
  Чи тавре ки зикр шудааст, барои инкишофи фаъолияти ҷамъиятию сиёсии хонандагону ҷавонон, аз худ кардани малакаҳои амалии корҳои тадқиқотӣ–ҷустуҷӯӣ ва сайёҳӣ-кишваршиносӣ мақоми осорхонаҳои мактабӣ хеле назаррас аст. Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ” баҳри ҷоннок намудани фаъолияти осорхонаҳои мактабӣ як қатор корҳои судманд меандешад. Аз ҷумла, соли 2016 дар ҳамкорӣ бо Академияи таҳсилоти Тоҷикистон фаъолияти осорхонаҳои мактабӣ дар муассисаҳои таълимӣ, бақайдгирӣ ва таҳияи шиносномаҳои онҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавриди санҷиш қарор дода, дар маҷлиси назоратии назди муовини вазири маориф ва илм Л. Назирӣ муҳокима карда шуд. Дар нимсолаи дуюми соли 2017 Низомномаи намунавии осорхонаи муассисаи таҳсилоти умумӣ ва Низомнома оид ба таҳияи шиносномаҳои осорхонаҳои мактабӣ таҳия гардида, барои баррасӣ ва тасдиқ ба вазорати маориф ва илм пешниҳод шуд. Ногуфта намонад, ки фаъолияти осорхонаҳо дар Шӯрои омӯзгории марказ ҳар сари вақт мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Ташкили осорхонаҳои мактабӣ ба инкишофи корҳои сайёҳӣ-кишваршиносӣ алоқаманд аст. Дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ чун анъана озмуни “Беҳтарин осорхонаи мактабӣ” ташкил ва гузаронида мешавад.
 Кишваршиносони ҷавон дар экспедитсияи ҷумҳуриявии сайёҳӣ-кишваршиносии хонандагон «Тоҷикистон – кишвари азизи ман» иштирок намуда, супоришҳои муассисаҳои илмӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиро доир ба корҳои кишваршиносӣ иҷро мекунанд, бозёфтҳое ба даст меоранд, ки ба таъриху фарҳанг, урфу одат ва санъати бойи мардум алоқаманд аст. Гуногуншаклии корҳои таъриху кишваршиносӣ имконият медиҳад, ки фаъолияти осорхонаҳои мактабӣ такмил ёбад, намоишгоҳҳои онҳо бо бозёфту нигораҳои нав пурра гарданд.
Маркази матбуоти Вазорати маориф 
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон