Таъсиси Коллеҷи омӯзгорӣ ба мақсад мувофиқ нест!

14-02-2019
Ҷавоб ба мақолаи Ҳусейни Назрулло «Таъсиси коллеҷи омӯзгорӣ дар Истаравшан тақозои замон аст», ки 11.12.2018, №148 дар рӯзномаи «Садои мардум» нашр шудааст
 
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба мақолаи рӯзноманигор Ҳусейни Назрулло «Таъсиси коллеҷи омӯзгорӣ дар Истаравшан тақозои замон аст», ки 11.12.2018, №148 дар рӯзномаи «Садои мардум» нашр шудааст, инчунин, дархости роҳбарияти шаҳри Истаравшан ва муроҷиати чандкаратаи истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан, кӯчаи Ғалаба, №32 Фазилова Хосият иттилоъ медиҳад, ки дар вилояти Суғд 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии соҳаи омӯзгорӣ (Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, коллеҷҳои омӯзгории шаҳрҳои Конибодом ва Панҷакент, ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ ва Коллеҷи муҳандисии омӯзгории ноҳияи  Ҷ. Расулов) ва 1 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров) фаъолият менамоянд, ки имконияти тайёр кардан ва пурра таъмин намудани минтақаро бо мутахассисони соҳавӣ, аз ҷумла, ихтисосҳои омӯзгорӣ доро мебошанд.
Ҳамзамон, тазаккур бояд дод, ки таъсиси муассисаи таълимии давлатӣ ва ё ғайридавлатӣ дар мувофиқа ва розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати муҳайё будани бинои мустақил, заминаи моддӣ-техникӣ, нерӯи кадрӣ, маводҳои таълимӣ-методӣ, толори варзишӣ, синфхона ва кабинетҳои таълимии ҷавобгӯ ба талаботи стандарти давлатии таҳсилот, нақша ва барномаҳои таълимӣ ба роҳ монда мешавад. Оид ба масъалаи мазкур аз ҷониби мутахассисони Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, ки барои таъсиси коллеҷ дар шаҳри Истаравшан шароит муҳайё аст, хулосаи мусбӣ пешниҳод нагардидааст.
Ҳамчунин, тибқи маълумотҳои раёсати маорифи вилояти Суғд тайи солҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят норасоии кадрҳои омӯзгорӣ бартараф гардида, хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии соҳаи омӯзгориро дигар ба кор қабул намекунанд.
Илова бар ин, дар шаҳри Истаравшан 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (Коллеҷи тиббӣ ва Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ) фаъолият менамояд, ки ҷавонону наврасони шаҳри Истаравшан ва гирду атрофи онро ба таълим фаро гирифтаанд.
Гузашта аз ин, ба таваҷҷуҳи рӯзноманигор ва шаҳрванд мерасонем, ки Вазорати маориф ва илм бо мақсади пиёда шудани амалҳои неки роҳандозишуда бинобар сабаби дар шаҳри Истаравшан мавҷуд будани теъдоди ками муассисаҳои таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёна ва умумии асосӣ, инчунин, фарогирии бештари кӯдакон ва наврасон ба таълиму тарбияи томактабӣ ва миёнаи умумӣ ва иҷрои Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2014, №295) ба ҷойи Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Коллеҷи омӯзгорӣ» таъсис додани муассисаи ғайридавлатии таҳсилоти томактабӣ ва ё миёнаи асосӣ (Литсейи хонандагони лаёқатманди шаҳри Истаравшан)-ро ба роҳбарияти шаҳри Истаравшан тавсия дода буд.
Бо назардошти гуфтаҳои боло Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон таъсиси Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Коллеҷи омӯзгорӣ»-ро ба мақсад мувофиқ намедонад.
 
Маркази матбуоти Вазорати
 маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон