Таҳсилоти иловагӣ. Бурдҳо ва бохтҳо

15-02-2019
Ҷавоб ба мақолаи «Таҳсилоти иловагӣ. Бурдҳо ва бохтҳо», ки санаи 2-юми январи соли 2018 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» рӯи чоп омадааст
 
Тавре маълум аст, таҳсилоти иловагӣ ҷараёни мақсадноки таълиму тарбия ба шумор рафта, ба воситаи татбиқ намудани барномаҳо, хизматрасониҳои иловагии таълимӣ ва фаъолияти ахборотӣ-таълимӣ берун аз барномаҳои таълимии асосӣ амалӣ мегардад.
Барои боз ҳам ҷоннок намудани кори марказҳои таҳсилоти иловагӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ рӯзноманигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» Меҳрангез Қодирова матлабе омода намудааст, ки аз дастоварду камбудиҳои ин марказҳо маълумот медиҳад. Аммо як нозукиро бояд дар назар дошт, ки ҳангоми таҳияи мақола мушкилоту проблемаҳои соҳа на аз ҷониби рӯзноманигор, балки аз ҷониби масъули соҳа матраҳ шудааст. Дар худи матлаб равшану возеҳ омадааст, ки дар рафти омода кардани мавод рӯзноманигор бо мутахассисони соҳа-директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва мудири шуъбаи кишваршиносии марказ ҳамсуҳбат шудаю мақоларо рӯи чоп овардааст.
Инчунин, дар мақола гуфта шудааст, тибқи ибрози директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар тобеи мақомоти маҳалӣ буда, аз буҷаи он маблағгузорӣ мешаванд, бинобар ин, онҳоро мебояд, ки барои таъмини муассисаҳои мазкур бо биноҳои алоҳидаю додани мустақилияти молиявӣ ва ҷудо намудани  воҳидҳои корӣ чораандешӣ кунанд. 
Аз ин рӯ, аз масъулоне, ки матлабҳои рӯзномаро, ки ба онҳо  вокуниш нашудааст, тартиб медиҳанд, хоҳиш менамоем, ки дар раванди кор на танҳо ба сарлавҳа, балки ба матни дохили он ҷиддӣ назар намоянд. Яъне, дар мақолаи мазкур масъулинро мебоист на аз Вазорати маориф ва илм, чун масъала аз ҷониби масъулини ин ниҳод матраҳ шудааст, вокуниш талаб карда мешуд, балки аз ҷониби мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо пурсида мешуд, ки чаро мушкилот дар самти фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ҳанӯз боқист?!
 
Маркази матбуоти Вазорати
 маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон