Мушкилот ҳалшавандаанд (Ҷавоб ба мақолаи танқидии Мирзо Ҳасанзода «Шахсони тасодуфӣ. Дар Кӯҳистони Мастчоҳ ба омӯзгорони ҷавон аҳамият намедиҳанд», Аз 18 апрели соли 2018)

15-05-2018
Дар ҷавоби масъалаҳои ба миён гузоштаи муаллифи мақола мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Сафар Салимов менависад, ки шуъбаи маорифи ноҳия дар кори таълиму тарбияи насли наврас, беҳбуд бахшидани ҳолати муассисаҳои таълимӣ ва дастгирии омӯзгорони ҷавон корҳои мушаххасро анҷом додааст. Пеш аз ҳама, масъалаи дастгирии омӯзгорони ҷавон на он таврест, ки муаллифи мақола иброз доштааст. 10 нафар омӯзгори ҷавон сарварии муассисаҳои таълимиро (аз 34 адад) ба уҳда доранд. Тибқи фармоиши мудири шуъбаи маориф  аз 02.10.2017 озмуни беҳтарин мутахассиси ҷавон гузаронида шуда, дар он 5 нафар ғолиб дониста шуда, бо туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаю ифтихорномаҳо  қадрдонӣ карда шуданд. Дар ноҳия  ба 68 нафар омӯзгори ҷавон илова ба маошҳои ҷорӣ  10 фоиз музди меҳнати иловагӣ медиҳанд, ҳар сол  4-5 нафар омӯзгор аз қарзи имтиёзнок бархурдор мегарданд. Дар арафаи ҷашни Наврӯз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шуъбаи маориф ба омӯзгори ҷавони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 Боқиев Ғайбулло  ба маблағи  1400 сомонӣ туҳфа супориданд.
Дар мавриди компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ бояд гуфт, ки  200 адад компютер дар дарсҳо мунтазам истифода бурда мешавад. Алабатта, чи тавре ки дар мақола омадааст, дар самти таъмини  мутахассисон норасоӣ ҷой дорад, ҳамчунин, бинобар набудани хатти барқ  дар 10 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла муассисае, ки муаллифи мақола он ҷо кор мекунад, фаъолияти номунтазами компютерҳо ба чашм мерасад. 
    Даъвои муаллиф дар масъалаи ошнобозӣ дар интихоби кадрҳо ва гузарондани озмунҳо ба ҳақиқат рост намеояд. Ягон озмун пинҳонӣ нагузаштааст ва касеро ба ин қарибӣ ба вазифаи мушовирӣ таъйин накардаанд. Алҳол чор нафар ин вазифаро иҷро карда истодаанд ва гузарондани озмун дар мувофиқа бо ҳукумати ноҳия дар назар дошта шудааст.  Шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ омӯзгорони ҷавону соҳибистеъдодро ҳамеша дастгирӣ менамояд. 
Маркази матбуоти Вазорати маориф 
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон