Мероси фарҳангиамонро ба ЮНЕСКО бубарем

18-02-2019
Ҷавоб ба мақлолаи Алишер Идизода «Мероси фарҳангиамонро ба ЮНЕСКО бубарем», ки рӯзи 20-уми январи соли 2018 дар ҳафтаномаи «Фараж» рӯи чоп омадааст

 Муаллиф дар мақолаи хеш сараввал дар мавриди арзишҳои фарҳангии тоҷикон, ки бояд дар радифи дигар арзишҳои ҷаҳонӣ дар созмонҳои бонуфузи ҷаҳон муаррифӣ шаванд, сухан меронад. Сипас, бо ифтихор иқтибос аз нависандагони хориҷиро дар мавриди адабиёт ва шоҳасарҳои нависандагони классикии мо ёдовар мешавад. Дар охири матлаби хеш қайд мекунад, ки «Месазад, ки дар барномаҳои мактабҳои олӣ ва миёнаи Тоҷикистон як фанни нав – «Ифтихори ватандорӣ» бо дарназардошти мероси фарҳангӣ ва илмии ниёгонамон ҷоӣ гардад».
Ба маълумоти муаллиф мерасонем, ки дар даҳсолаи ахир дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ дарси «Ифтихори ватандорӣ» барои хонандагони синфҳои 5 таълим дода мешавад. Барои ин фан аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи таълимии «Ифтихори Ватандорӣ» барои синфҳои 5-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таҳия ва ба шаҳру ноҳияҳо кишвар дастрас карда шудааст, ки тамоми дарсҳо дар асоси он гузаронида мешаванд. Мақсад аз таълими ин фан тарбияи мактабиён дар рӯҳияи Ватан ва ватандӯстӣ, шарафи ватандорӣ, қаҳрамонони миллӣ, забон ва адабиёт, илму маориф, ҷашнҳои миллӣ, расидан ба қадри Ватан, замину об, сулҳу Истиқлолият, Ваҳдат мебошад.
Дар муассисаҳои олии касбӣ бошад, ин фан аз ҳисоби соатҳои кураторӣ ба донишҷӯён таълим дода мешавад. Барои муассисаҳои олии касбӣ низ барномаи махсуси тасдиқгардида мавҷуд аст, ки аз рӯи он ба донишҷӯён мавзӯъҳои вижаро таълим медиҳанд. Бо мақсади таблиғи донишандӯзӣ ва баланд бардоштани  шуур ва тарбияи  маърифати ҳуқуқӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон  санадҳои муҳимро қабул намуданд, ба амсоли Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикиситон, Консепсияи миллии тарбия, ки аз зарурияти омӯзиши самтҳои гуногун далолат медиҳанд.  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 9 апрели соли 1997 «Дар бораи  тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз 22 августи соли 1997 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи низоми  омӯзиши соҳаи тарбияи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд, ҳамчунин барои  омӯзиши маърифати ҳуқуқӣ ва мукаммалгардонии дониши шаҳрвандон замина гузоштанд. Барномаи кории мазкур барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мураттаб гардидааст.
Мақсади барномаи кории зерин ба тарбияи муттахассиси бофарҳангу худшинос, ки барои бунёди ояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳмгузор аст, равона гардидааст. Мутахассиси ҷавон дар ин ҷода бояд ҳуқуқ ва озодиҳои худро донад, хуқуқ ва озодиҳои шахси дигарро муқаддас шуморад ва қадру қимати инсон ва шаҳрвандро азиз дорад.  Ӯ баробари донистани ҳуқуқҳои худ уҳдадориҳои шаҳрвандии худро низ дар назди ҷомеа ва давлат иҷро намояд. Ташаккули мутахассиси ҷавоне, ки  дорои хислатҳои  ватандӯстӣ мебошад ва дар раванди фаъолияти худ ба рушди  арзишҳои инсонӣ далолат мекунад – ин аст мақсади ниҳонии барномаи  мазкур.
Барои исботи он, ки дар ҳаққиқат барномаҳои таълимии мазкур талаби муаллифи ин матлабро қонеъ кунад, агар хоҳиш дошта бошад, пас, ба Вазорати маориф ва илм биёяд ва худ бубинад.
 
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон