МАСЪУЛИН БОЯД МАСЪУЛИЯТШИНОС БОШАНД

19-02-2019
Ҷавоб ба нигоштаи Фарзонаи Файзалӣ «МТМУ №46 мушкилот ҳамоно боқист», ки дар 17 декабри соли 2018 дар «Ҷумҳурият» мунташир шудааст
 
Дар нашри №248–и рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки 17-уми декабри соли 2018 интишор шудааст, мақола бо имзои Фарзонаи Файзалӣ дар мавриди синфхонаҳои тангу торик, фарш, мизу курсиҳои шикастаи муассисаи таълими №46 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе чоп шудааст, чунин омадааст: «Мутаассифона, то ҳол дар ин муассиса, ки ҳамагӣ даҳ синфхона дорад, норасоии ҷойи нишаст ҳалношуда боқӣ мондааст. Дохили мактаб ҳанӯз ҳам манзараи ниҳоят ногувор дошта, синфхонаҳои тангу торик ва фаршҳои шикаста солҳост, ки ба рафти таълим халал ворид мекунад».
Нахуст, бояд қайд кард, ки вобаста ба мушкилоти муассисаи мазкур ҳанӯз дар оғози соли 2018 рӯзноманигор Фарзонаи Файзалӣ мақола чоп карда буд ва Вазорати маориф ва илм посух дода, қайд карда буд, ки рӯзҳои наздик сохтмони бинои нави муассисаи таълимии №46 оғоз меёбад ва мушкилоти ҷойдошта ҳал мегардад. Ба ҷавоби вазорат нигоҳ накарда рӯзноманигор такроран мақолаи худро дар охири сол низ ба табъ расонид. Сипас, доир ба масъали мазкур аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе гурӯҳи корӣ ташкил карда шуда, барои ҳалли ин мушкилӣ чораҳои дахлдор андешида шуд. Инчунин, аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба маводи таҳиягашта ҷавоб гардонда шуд, ки он бо имзои М. Азизӣ-сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар шумораи №257, 27.12.2018 нашр шуд. 
Бо камоли эҳтиром ба диққати масъули рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки маводҳои беҷавобмондаи рӯзномаро омода мекунад, мерасонем, ки на танҳо ба сарлавҳа, балки ба матни дохили мавод низ тавваҷҷуҳ намояд, зеро асл дар матн аст, на дар сарлавҳа. Масалан, дар ҷавоби М. Азизӣ-сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба нашрия, ки чоп шудааст, чунин омадааст: «Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе, таҳти №258, аз 17 майи соли 2017 сохтони корпуси нави муассисаи мазкур барои 320 ҷойи нишаст дар як баст ба нақша гирифта шудааст. Ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ – харҷномаи иншооти мазкур таҳия ва хулосаи мусбати экспертизаи давлатӣ таҳти №431/17/431 дастрас гардидааст.
 Сохтмони копурси нави муассиса баъди нашри мақола ба нақшаи Муассисаи давлатии шаҳри Душанбе ворид гардида, бунёди он соли 2019 оғоз мешавад».
Замима: Расми лоиҳаи бинои нави муассисаи №46.
 
Маркази матбуоти Вазорати
 маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон