ДОНИШҶӮЁН ҲАМЕША ДАР МАЪХАЗИ ИЛМУ ДОНИШАНД

07-01-2019
Ҷавоб ба мақолаи «СТУДЕНТЫ ОБХОДЯТ СТОРОНОЙ БИБЛИОТЕКА», ки рӯзи 15-уми апрели соли 2018 дар нашрияи «Народная газета» ба табъ расидааст.
 
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ба мутолиаи китобҳои бадеӣ мутаносибан ба синф ва курсҳо рӯйхати адабиёти бадеиро таҳия намуда, ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ирсол карда, дастур дод, ки тарғибу ташвиқи хондани китобҳои бадеиро байни онҳо ҷоннок намоянд. 
Ҳамзамон, дастур дода шудааст, ки ҳамкориро бо китобхонаҳои марказҳои шаҳру ноҳияҳо ва китобхонаҳои наздик ба хобгоҳ ва муассисаи таълимӣ ба роҳ монда, ҷадвали ба китобхонаҳо рафтани хонандагону донишҷӯёнро фориғ аз дарс ва машғулиятҳо тартиб дода, иҷрои онро зери назорат қарор диҳанд.
Тазаккур бояд дод, ки бо мақсади муайян намудани китобхони беҳтарин дар муассисаҳои таълимӣ Низомнома оид ба гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии китобхони беҳтарини муассисаҳои таълимӣ бо номи «Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест»-ро таҳия намуд ва дар нақша гирифтааст, ки озмуни мазкурро байни хонандагону донишҷӯён гузаронад. Дар баробари ин, вазорат дар ҳамкорӣ бо Телевизиони Тоҷикистон барнома-озмуни телевизионии «Ирфон»-ро роҳандозӣ намуд, ки тавассути телевизион ҳамарӯза пешниҳоди тамошобинон гардида истодааст.
Инчунин, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими савияи дониш, тавсеаи ҷаҳонбинӣ, рушди захираи луғавӣ ва ҷалби бештари хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ба мутолиаи китобҳои бадеӣ саҳифаҳои иловагӣ ба рӯзномаи хонандагӣ ва Нақшаи инфиродии намунавии донишҷӯи муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва ҷадвали сафарбарсозии донишҷӯён ба мутолиаи китобҳои бадеиро ба китобхонаи муассисаи таълимӣ, шаҳрӣ ва Китобхонаи миллӣ роҳандозӣ намуда, муассисаҳои таълимӣ аз натиҷаи корҳои анҷомдода ҳар моҳ ба таври хаттӣ ба Вазорати маориф ва илм маълумоти муфассал ирсол менамоянд.
Ба диққати муаллиф мерсанем, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши китобҳои бадеӣ ва ҷалби хонандагону донишҷӯён дар мадди аввал меистад, чун маҳз аз китоб хонанда-донишҷӯй метавонад савияи дониши худро сайқал диҳад. 
 
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон