Чораҳои зарурӣ андешида мешавад

13-02-2019
Ҷавоб ба матлаби «Педагоги возглавили список коррупционных деянии», ки рӯзи 28-уми феврали соли 2018 дар нашрияи «Народная газета» мунташир шудааст
 
Дар маводи журналист ҳисобот аз нишасти матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст, ки дар он, аз ҷумла, содир шудани амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби кормандони соҳаи маориф қайд шудааст.
Воқеан ҳам, соҳаи маориф дорои хусусиятҳои хос буда, калонтарин соҳаи иҷтимоии кишвар маҳсуб мешавад. Дар ин соҳа зиёда аз 2 млн. хонандаву донишҷӯ таҳсил намуда, зиёда аз 130 ҳазор омӯзгор ба кор машғул мебошанд. Шумораи умумии кормандони соҳа аз 200 ҳазор нафар бештар буда, дар соҳаи маориф зиёда аз 4,5 ҳазор муассисаи таълимӣ ва илмӣ фаъолият мекунад. Муассисаҳои мазкур аз назари моликият ва тобеияти идоравӣ ба Вазорати маориф ва илм, вазоратҳои дигар, кумитаву мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо мутааллиқанд. Бинобар ин, ба соҳаи маориф шумораи зиёди муносибатҳои ҷамъиятӣ хос буда, эҳтимолияти сар задани ҳодисаҳои коррупсионӣ низ бештар мебошад.
Буҷети соҳаи маориф дар соли 2019 ба андозаи 4,4 млрд. сомонӣ пешбинӣ шуда, зиёда аз 70 фоизи маблағи мазкур тавассути мақомоти маҳаллӣ амалӣ карда мешавад. Вазорати маориф ва илм танҳо 12 фоизи маблағҳои мазкурро бевосита идора мекунад.
Яъне, ба таври мушаххас бояд қайд кард, ки таҳлили натиҷаи санҷишҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 6 моҳи соли 2018 нишон медиҳад, ки аз 63 ҳолати ҷиноятҳои характери коррупсионидошта, ки аз ҷониби Агентӣ дар соҳаи маориф ошкор шудааст, танҳо 5 ҳолат ба муассисаҳои зертобеи Вазорати маориф ва илм рост омада, 56 ҳолат ба муассисаҳои таълимии тобеи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва 2 ҳолат ба муассисаҳои таълимии тобеи вазорату идораҳои дигар дахл дорад.
Дар Вазорати маориф ва илм Барномаи давлатии зиддикоррупсионии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2020 қабул шудааст, ки роҳбарият ва кормандони вазорат корро дар самти мубориза бо коррупсия тибқӣ барномаи мазкур ба роҳ монда, ҷиҳати аз байн бурдани ҳолатҳои номатлуб ҳамеша чораҳои заруриро меандешанд. 
 
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон