Бинои нав сохта мешавад (Ҷавоб ба баромади Маҳмудҷони Раҳматзода, Тоҳири Сафар дар сомонаи «Радиои озодӣ» бо номи «Мактаб дар ферма. Падарон аз гиребони муаллим мегиранд», 12.04.2018)

14-05-2018
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, баъзе мушкилоти соҳа, аз ҷумла таъмин бо ҷойи нишаст, сохтмони бинову синфхонаҳои наву ҳозиразамон, ашёи хониш ва ғайраро давра ба давра ҳаллу фасл менамояд. Дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон низ дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамон миқдор мактабу синфхонаҳо сохта шуданд, ки дар тамоми даврони Ҳокимияти Шӯравӣ сохта нашуда буд. Аз ҷумла, дар солҳои 1991-2015 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 27 бинои муассисаи таълимӣ ва барои 2438 нафар хонанда бинои иловагӣ сохта, соли 2016 боз як бинои нави муассисаи таълимӣ барои 196 хонанда ва соли гузашта аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми кишвар бинои нави шуъбаи маориф сохта ба истифода дода шуд. 
Корҳои сохтмон ва таъмири муассисаҳои таълимӣ дар ин ноҳия минбаъд ҳам идома дода мешавад. Аз ҷумла, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-и деҳаи Солмолидашти ноҳияи Балҷувон низ, ки дар барномаи «Радиои озодӣ» дар бораи вазъи душвори он сухан рафтааст, ба рӯйхати сохтмони мактабҳо аз ҳисоби Бонки исломии рушд сохташаванда ворид гардидааст ва бо дастрасии маблағ сохтмони он иборат аз 10 синфхона вақтҳои наздик шурӯъ хоҳад шуд.
Маркази матбуоти Вазорати маориф 
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон