БАРОИ ДОВТАЛАБИ НОШУНАВО ШАРОИТ ФАРОҲАМ АСТ. Ҷавоб ба мақолаи «НОШУНАВО. Рӯбарӯи мушкилот», ки 14 апрели соли 2020 №73 дар нашрияи «Ҷумҳурият» ба нашр расидааст

15-12-2020
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи рӯзноманигор Абдулқодири Раҳимро, ки бо номи «НОШУНАВО. Рӯбарӯи мушкилот» дар шумораи №73, нашрияи «Ҷумҳурият», ки 14 апрели соли 2020 нашр шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Муаллиф дар матлаб асосан атрофи як мушкилӣ масъалагузорӣ кардааст, ки он ҳам мувофиқ набудани шароити раванди имтиҳонсупории имтиҳонҳои марказонидашудаи тестӣ барои маъюбон, махсусан ношунавоён мебошад.
Муаллиф аз номи мусоҳибаш менависад: «Баъди хатми таълимгоҳҳо бо он талаботе, ки Маркази миллии тестӣ дорад, ин гурӯҳ чӣ гуна метавонанд донишҷӯ шаванд. Қишри мазкур, ки маъюбони гурӯҳи 3-юманд, ҳеҷ имтиёзе дар ин маврид надоранд ва сатҳи донишашон низ ҷавобгӯйи талаботи муқарраргардида нест». 
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такя ба маълумоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз медорад, ки ҳамасола дар рафти баргузории имтиҳонҳои марказонидаи тестӣ мутахассисон аз Маркази миллии тестӣ, ки бо довталабони  маъюб сарукор мегиранд, ҳозир ҳастанд. Дар сурати лозим шудан мутахассисон (дефектологҳо) ба довталабони ниёзманд кӯмаки хешро мерасонанд. 
Дар баробари ин, дар низомномаи имтиҳонҳои марказонидашудаи тестии Маркази мазкур қисмати алоҳида бо номи «Имтиёзҳо ба киҳо дода мешавад?» мавҷуд аст, ки ба дигар паҳлуҳои масъалаи таҳлилкардаи муаллиф посухи мушаххас медиҳад. 
Ҳамзамон, мувофиқи банди 1-уми ин санад афроди маъюб бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандае, ки номгӯяшон дар низомномаи ИМД Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шудааст, барои гирфтани имтиёзҳо, аз ҷумла 150 балли иловагӣ бар замми балли умумии бадастовардаашон дода мешавад. 
Маркази матбуотии 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон