Ҷавоб ба матлаби «Ноҳияи Фирдавсӣ. Мактабҳо ниёз ба ҷойи нишаст доранд», ки дар шумораи №83, санаи 01.05.2019 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» чоп шудааст

10-06-2019
Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе маводи «Ноҳияи Фирдавсӣ. Мактабҳо ниёз ба ҷойи нишаст доранд», ки дар шумораи №83, санаи 01.05.2019 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» чоп шудааст, мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дод.
Боиси зикр аст, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе дар давоми ду соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо сохтмон ва бунёду азнавсозии 25 адад муассисаҳои таълимӣ барои 21198 ҷойи нишаст амалӣ гардида истодааст.
Танҳо дар соли 2018 ва 4 моҳи соли 2019 дар шаҳри Душанбе 9 адад муассиса барои 6452 ҷойи нишаст: 4 адад аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр, 3 адад аз ҳисоби маблағҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2 адад аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ба истифода дода шуд.    
Моҳи марти соли 2019 дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бинои иловагӣ барои 1560 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд, ки аз 4 ошёна, 38 синфхона, аз ҷумла, кабинетҳои фаннию озмоишӣ ва компютерӣ, шоҳмот ва рассомӣ, таълими меҳнат барои писарон ва духтарон дар алоҳидагӣ, инчунин китобхона, маҷлисгоҳ, толори варзиш ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.
Мавриди зикр аст, ки дар соли 2018 барои оғози сохтмони 
6 адад муассисаи таълимии нав дар ҳудуди шаҳри Душанбе барои 7440 нафар хонанда санги асос гузошта шуд.
Айни замон дар 13 муассисаи таълимӣ барои 12 348 хонанда корҳои сохтмонию азнавсозӣ бо маром идома доранд.
Дар сурати мавриди истифода қарор додани сохтмони мактабҳои банақшагирифташуда дар як баст 19 608 хонанда бо ҷойи нишаст таъмин карда мешавад. 
Ҳамзамон, дар солҳои 2017 – 2018 4-адад муассисаи томактабӣ барои 460 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода шуда, сохтмони 14 адад муассисаи томактабии хусусӣ аз ҳисоби соҳибкорон барои 1717 ҷой идома дорад.  
Тадбирҳои мазкур барои мустаҳкам намудани заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ҳамчун омили муҳими беҳсозии сифати таҳсилот ба ҳисоб рафта, пеш аз ҳама баҳри ҳалли мушкилоти ҷойи нишаст ва таъмини шароити муосири таълимӣ равона гардидаанд. 
Ҳамзамон, вобаста ба баргузории шанбегиҳо бо ҷалби хонандагон зикр намудан ба маврид аст, ки Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои  қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12 октябри соли 2018, №673 “Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба шинонидани ниҳолҳои дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсола дар мавсими тирамоҳи соли 2018 ва баҳори соли 2019”  бо мақсади кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ,  пайваста ободу з¬ебо ва тозаву озода нигоҳ доштани биноҳо, саҳни ҳавлӣ ва гирду атрофи муассисаҳои таълимӣ, инчунин кӯчаву хиёбон ва қитъаҳои муайяне, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муассисаҳои таълимӣ ҷудо карда шудааст, дар доираи чорабиниҳои 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои шанбе бо иштироки кормандони дастгоҳи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, коллективи омӯзгорону мураббиён, коркунони хоҷагӣ ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ фориғ аз машғулиятҳои дарсӣ бо сару либоси корӣ дар ҳашари умумишаҳрӣ иштирок менамоянд. Дар ин маъракаи ободонӣ канори кӯчаю роҳҳои гирду атроф ва дохили муассисаҳои таълимӣ, истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ тозаву озода гардида,  гулу буттаҳои мавсимию ороишӣ ва дарахтони сояафкан шинонида шуданд.
Сарраёсати маорифи шаҳри
Душанбе