ҶАВОБ БА МАҚОЛАИ РӮЗНОМАИ “ФАРАЖ” ВОБАСТА БА СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №44-И ДЕҲАИ ДАЛЁНИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ АЗ 21.10.2020, №43(725), САҲ.5

18-12-2020
 
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба сохтмони муассисаи таълимии №44 дар деҳаи Далёни ноҳияи Деваштич иттилоъ медиҳад, ки фармоишгари иншооти мазкур идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мебошад. Вобаста ба идомаи сохтмони иншооти мазкур аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 13.11.2020, 11/4-368 мактуб ирсол карда шудааст.
Ҳамзамон, ёдовар мешавем, ки айни замон аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази асосии ба Вазорати маориф ва илм пешбинишуда сохтмони муассисаи таълимӣ баром 640 ҷойи нишаст дар деҳаи Расровут ва сохтмони бинои иловагӣ барои 192 ҷойи  нишаст дар назди муассисаи таълимии №25 деҳаи Хишекати ноҳияи Деваштич идома дорад.
Инчунин, аз ҳисоби Фонди Саудии Рушд, лоиҳаи  “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо” сохтмони муассисаи таълимии №5 барои 640 ҷойи нишаст дар деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Деваштич идома дошта, тибқи нақша соли 2021 ба истифода дода шавад.
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон