АНДЕШАҲОИ СОЗАНДАРО ҲАМЕША ҶОНИБДОРӢ МЕКУНЕМ. Ҷавоб ба матлаби Сарвиноз Шодмонова, ки бо номи «ФАРЗАНД. Хишти аввал набояд каҷ монем» дар шумораи №72 рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 13 апрели соли 2020 ба нашр расидааст.

14-12-2020
 
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи Сарвиноз Шодмоноваро, ки бо номи «ФАРЗАНД. Хишти аввал набояд каҷ монем» дар шумораи №72 рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 13 апрели соли 2020 ба нашр расидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Масъалагузорӣ ва андешаҳое, ки муаллиф дар мақолаи худ дар мавриди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» овардааст, воқеан ҳам қобили дастгирӣ мебошанд. Хурсандиовар аст, ки рӯзноманигорон ва ВАО аз натиҷаи фаъолияти зерсохторҳои вазорат дар самти амалигардонии талаботи Қонуни мазкур матлабҳо ба нашр мерасонанду ба заҳматҳои масъулини соҳа арҷ мегузоранд. Вазорати маориф ва илм баҳри дар амал татбиқ намудани чораҳои зарурии дигар дар самти амалигардонии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар зерсохторҳо ва ташкилоту муассисаҳои тобеи вазорат ва умуман, соҳаи маориф ва илм пайваста кӯшиш ба харҷ дода истодааст ва ин раванди кор дар якҷоягӣ ва бо дастгирии намояндагони ВАО-и кишвар ҳамеша идома хоҳад ёфт. Умед аст, ки бо чунин равиши кор натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ба даст хоҳанд омад. 
Мусаллам аст, ки ҳадафи дар амал татбиқ кардани талаботи Қонуни мазкур пешгирии даст задани наврасону ҷавонон ба ҷинояткорӣ, коҳиш додани ҷинояткорӣ дар миёни ин қишри ҷомеа, дар рӯҳияи хештаншиносию инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ, ахлоқи ҳамида ва илму донишандӯзӣ ва аз худ кардани касбу ҳунарҳои муфиду муосир, ки ба нафъи давлату миллат ва ҷомеа аст, мебошад. Ва ин ҳадафро метавон дар якҷоягӣ бо дигар ниҳодҳо ва неруҳои ҷамъиятӣ амалӣ гардонид. Аз ҷумла, ВАО аз зумраи таъсиргузортарин неру дар ин самт ба ҳисоб меравад, ки маҳсули кори муаллифи матлаби мазкур далели ҳамин гуфтаҳо шуда метавонад.
Муаллиф бо овардани андешаҳои коршиносон ва мусоҳибони огоҳ тавонистааст, ки масъалаи ба ҷинояткорӣ ва беҳудагардӣ даст задани насли наврасу ҷавон, таъсири Қонуни болозикр дар пешгирӣ ва паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ дар миёни аҳли ҷомеа ва дигар масъалаҳои марбутро таҳлили хубе намояд. Аммо дар ин баробар, беҳтар мешуд, ки барои пешгирӣ ва кам кардани ҷинояткорӣ дар ҷомеа, алалхусус миёни наврасону ҷавонон пешниҳодҳои мушаххаси дигаре ироа мегардид. 
Вазорати маориф ва илми кишвари миннатдории худро ба муаллиф ва рӯзномаи «Ҷумҳурият» баҳри инъикоси натиҷаи заҳмату талошҳои намояндагони соҳаи маориф ва илм талош меварзанд, мерасонад. Умедворем, ки чунин ҳамкориҳо дар оянда боз ҳам вусъат хоҳанд ёфт.
Маркази матбуотии 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон