Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-ро дар деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон ифтитоҳ намуданд

06-08-2019
6 августи соли ҷорӣ, дар доираи сафари корӣ  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 33-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Пешвои миллат бо шароит ва имконоти муассисаи нав шинос шуда, бо хонандагон аз наздик суҳбату мулоқот карданд.
Иттилоъ дода шуд,  ки дар гузашта хонандагон аз набудани таълимгоҳ дар дохили Бунгоҳи тиббӣ таълиму тарбия мегирифтанд ва дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилоти онҳо пурра ҳалли худро пайдо намуду толибилмон соҳиби муассисаи замонавии таълимӣ гаштанд.
Барои чунин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ хонандагон ба Сарвари давлат изҳори миннатдорӣ намуда, қавл доданд, ки шароити фароҳамовардаро самаранок истифода хоҳанд бурд.
Сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 33 соли 2018 оғоз ёфта буд ва дар ин давра бо назардошти талаботи ҷорӣ 40 нафар сохтмончӣ иншооти мазкурро бунёд намуданд. Лоиҳаи иншооти мазкур аз ҷониби ҶДММ “Абрис” таҳия гардида, корҳои сохтмониро  ҶДММ “Файзи Истиқлол” ба анҷом расонид.
Мактаб аз ду ошёна иборат буда, имконият дорад, ки дар ду баст то 300 нафар хонандаро ба таълиму тарбия фаро гирад. Ҳамчунин ба хотири дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани омӯзиш синфхонаҳои алоҳидаи таълимгоҳ бо тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз буда, як синфхонаи дигар бо 10 адад компютер таъмин гардидааст. Дар маҷмӯъ муассисаи нави таълимӣ дорои 12 синфхона буда, ҳамчунин барои роҳбарият ва омӯзгорон утоқҳои алоҳидаи корӣ бунёд ёфтааст. Роҳрав ва синфхонаҳои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 33 ба хати алоҳидаи гармидиҳӣ пайваст буда, буғхонаи бунёдгардида дар таълимгоҳ ба воситаи ангишт фаъолият хоҳад кард.
Ҳамчунин корҳои ободонӣ ва сабзкорӣ дар атрофи таълимгоҳ сомон ёфта, барои обу тоби ҷисмонии хонандагон  дар назди муассиса майдончаи хурди варзишӣ низ бунёд ёфтааст.
Сарвари давлат аснои шиносоӣ хонандагонро вазифадор намуданд, ки чунин шароитро самаранок истифода бурда, илмҳои замонавиро ҳамаҷониба аз худ намоянд. Зикр гардид, ки то таҷлили 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар минтақаҳои кишвар дар ҳудуди деҳоти Сари Хосор низ сохтмони боз чандин иншооти дигари таъйиноташ гуногун дар назар дошта шудааст, ки  ба ин васила марҳила ба марҳила мушкилоти аҳолӣ дар тамоми бахшҳо пурра ҳалли худро  пайдо хоҳад кард.