ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

02-10-2019 Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус
Муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус
 - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1965 сомонӣ.
 
Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот
Сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот
-1 ҷой,  маоши мансабӣ - 1609 сомонӣ
Сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот
-1 ҷой,  маоши мансабӣ - 1200  сомонӣ
 
Раёсати илм ва инноватсия
Мутахассиси пешбари раёсати илм ва инноватсия
-1 ҷой,  маоши мансабӣ - 978 сомонӣ
 
Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ
           Мутахассиси раёсати таҳсилоти  олии касбӣ
           -1 ҷой, мансабӣ - 804 сомонӣ. 
 
Талабот ба довталабон
 
Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:
-ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида; 
-варақаи баҳисобгирии кадрҳо;
-маълумотнома (объективка), хаттӣ ва электронӣ
-тарҷумаи (шарҳи) ҳол;
-4 дона расми 3х4;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ бо тасдиқи хадамоти кадрӣ;
-рақами мушаххаси андозсупоранда;
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;
-маълумотномаи аз ВКД (оид ба доғи судӣ надоштан);  
-тавсиянома;
-нусхаи санҷиши изи панҷаҳои даст (дактилоскопӣ);
-нусхаи рақами суғуртаи иҷтимоии давлатӣ (РИС/СИН)
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
 
Талаботҳои тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансабҳои 
холии маъмурии хизмати давлатӣ 
 
1.Талаботи тахассусӣ барои мансаби муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ҳуқушиносӣ ё гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
-малакаи кор  бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office (Word, Power point, Excel).

2.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ҳуқушиносӣ ё гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
-малакаи кор  бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office (Word, Power point, Excel).

3.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ҳуқушиносӣ ё гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
-малакаи кор  бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office (Word, Power point, Excel).
 
4.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси пешбари раёсати илм ва инноватсия - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
-малакаи кор  бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office (Word, Power point, Excel).
 
5.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси раёсати таҳсилоти олии кабӣ ва баъдидипломӣ - таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);  
-малакаи кор бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office (Word, Power point, Excel).
 
 
Нишонии қабули ҳуҷҷатҳо: шаҳри Душанбе, кӯчаи Нисормуҳаммад-13А, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  то 25 октябри соли 2019 (ҳар рӯз аз соати 14:00 то 17:00) дар раёсати кадрҳо ва корҳои махсус  - ҳуҷраи 400, 412, сомона: www.maorif.tj, суроғаи электронӣ: mort@maorif.tj  ва kadr@maorif.tj, телефон: 227-67-07, 221.37.65,  факс: 221.70.25 
Озмун  рӯзи 29 октябри соли 2019  соати 10:00  баргузор мегардад.