Номгӯи мавзӯъҳои эссе аз фанни забон ва адабиёти тоҷик барои довталабони соли таҳсили 2020-2021

24-10-2019


Мавзӯъҳо аз адабиёти классикӣ
 
1. Рӯзгор ва осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
2. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-и ӯ
3. Мавзӯи панду ахлоқ дар ашъори Рӯдакӣ
4. Рӯзгор ва мероси адабии Абулқосим Фирдавсӣ 
5. Достони «Рустам ва Сӯҳроб»-и Абулқосим Фирдавсӣ
6. Ақидаҳои ватандӯстӣ дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ
7. Ҳаёт ва осори илмию адабии Абӯалӣ ибни Сино
8. Мавзӯи илму хирад дар рубоиёти Абӯалӣ ибни Сино
9. Ҳаёт ва эҷодиёти Носири Хусрав
10. Мақоми кишоварзон ва ҳунармандон дар осори Носири Хусрав
11. Рӯзгор ва мероси адабии Низомии Ганҷавӣ  
12. Достони «Хусраву Ширин»-и Низомии Ганҷавӣ
13. Ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Умари Хайём 
14. Мавзӯъ ва мундариҷаи рубоиёти Умари Хайём
15. Мавзӯи ишқ дар ғазалиёти Ҷалолуддини Балхӣ
16. «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ – асари таълимию ахлоқӣ
17. Мазмун ва мундариҷаи «Рисолаи дилкушо»-и Убайди Зоконӣ
18. Рӯзгор ва мероси адабии Амир Хусрави Деҳлавӣ
19. Саъдии Шерозӣ - бунёдгузори ғазал
20. Мавзӯи панду ахлоқ дар ашъори Саъдии Шерозӣ
21. Мазмун ва мундариҷаи «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ
22. Ҳофизи Шерозӣ - устоди ғазал
23. Камоли Хуҷандӣ - шоири лирик 
24. Мавзӯъ ва хусусиятҳои бадеии ашъори Камоли Хуҷандӣ
25. Бадриддин Ҳилолӣ –шоири ғазалсаро
26. Таҳлили достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Бадриддин Ҳилолӣ 
27. Шарҳи ҳоли Абдураҳмони Ҷомӣ
28. «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва аҳамияти тарбиявии он
29. Рӯзгор ва мероси адабии Абдураҳмони Мушфиқӣ
30. Мақоми ҳунармандон дар лирикаи Сайидои Насафӣ
31. Таҳлили образҳои тамсилии «Баҳориёт» - и Сайидои Насафӣ
32. Таҳлили симоҳои асосии «Беҳрӯзу Баҳром»-и Камолиддин Биноӣ
33. Мавзӯъ ва мундариҷаи асосии «Бадоеъулвақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ
34. Ҳаёт ва эҷодиёти Мирзо Абдулқодири Бедил
35. Таҳлили достони «Комде ва Мадан»-и Бедил
36. Рӯзгор ва мероси адабии Соиби Табрезӣ 
37. Рӯзгор ва осори Аҳмади Дониш
38. Аҳамияти бадеию таърихии «Наводир-улвақоеъ»-и Аҳмади Дониш
39. Шамсиддин Шоҳин ва достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и ӯ
40. Абдулқодирхоҷаи Савдо ва мероси адабии ӯ  
 
Мавзӯъҳо аз адабиёти муосир
 
1. Садриддин Айнӣ - асосгузори адабиёти муосири тоҷик 
2. Таҳлили мундариҷавии повести «Одина»-и Садриддин Айнӣ
3. Таҳлили образҳои асосии романи «Дохунда»-и Садриддин Айнӣ
4. Аҳамияти таърихӣ ва бадеии «Ёддоштҳо»-и Садриддин  Айнӣ
5. Таҳлили мундариҷавии романи «Ғуломон»-и Садриддин Айнӣ
6. Фаъолияти эҷодии Абдурауфи Фитрат
7.  Рӯзгор ва осори Абулқосими Лоҳутӣ
8. Мавзӯъ ва мундариҷаи достони «Ғалабаи Таня»-и Абулқосим Лоҳутӣ
9. Таҳлили ашъори ватандӯстонаи Абулқосим Лоҳутӣ
10. Ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Пайрав Сулаймонӣ
11. Тараннуми ишқ дар лирикаи Пайрав Сулаймонӣ
12. Ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Ҳабиб Юсуфӣ
13. Тараннуми Ватан ва мавзӯи ватандӯстӣ дар эҷодиёти Ҳабиб Юсуфӣ
14. Ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Мирзо Турсунзода
15. Мавзӯи сулҳу дӯстӣ дар эҷодиёти М.Турсунзода
16. Мавзӯъ ва мундариҷаи достони «Ҷони ширин»-и М. Турсунзода
17. Таҳлили образҳои асосии достони «Писари Ватан»-и Мирзо Турсунзода
18. Ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Сотим Улуғзода
19. Таҳлили ғоявии романи «Фирдавсӣ»-и Сотим Улуғзода
20. Ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Ҷалол Икромӣ
21. Мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявии романи «Духтари оташ»-и Ҷ.Икромӣ
22. Ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Раҳим Ҷалил
23. Мавзӯъ ва мундариҷаи романи «Шӯроб»-и Раҳим Ҷалил
24. Ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Мирсаид Миршакар
25. Мавзӯъ ва мундариҷаи достони «Қишлоқи тиллоӣ»-и Мирсаид Миршакар
26. Рӯзгор ва осори адабии Фазлиддин Муҳамадиев
27. Таҳлили мундариҷавии романи «Палатаи кунҷакӣ»-и Фазлиддин Муҳаммадиев
28. Ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Мӯъмин Қаноат
29. Инъикоси шуҷоату мардонагӣ ва ҳимояи ватан дар достони «Сурӯши Сталинград»-и Мӯъмин Қаноат
30. Ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Лоиқ Шералӣ
31. Мавзӯи модар дар шеъри Лоиқ Шералӣ
32. Рӯзгор ва мероси адабии Бозор Собир
33. Ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Сайф Раҳимзоди Афардӣ
34. Таҳлили қиссаи «Ситораҳои сари танӯр»-и Сайф Раҳимзод
35. Рӯзгор ва осори адабии Саттор Турсун 
36. Ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Меҳмон Бахтӣ 
37. Ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Гулназар Келдӣ
38. Ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Абдулҳамид Самад
39. Лирикаи ватандӯстонаи Гулрухсор
40. Тараннуми Ватан дар ашъори Лоиқ Шералӣ
 
 
Мавзӯъҳои озод
 
1. Пешвои миллат – ҳомии миллат. 
2. Пайравони Пешвои миллатем!
3. Истиқлолияти давлатӣ  неъмати бебаҳои миллат аст
4. Суруди миллӣ - рукни муқаддаси давлатдорӣ 
5. Парчами Тоҷикистон – парчами ному нанги мо
6. Мазраи меҳру вафоям, Тоҷикистон!
7. Тоҷикистон – манбаи оби тоза
8. Табиати ҷонфизои диёри ман
9. Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст.
10. Зи ҷӯе, ки хӯрдӣ, аз он оби пок. 
11. Наврӯз ҷаҳонӣ шуд.
12. Ман ориёиям ва бо ин фахр мекунам.
13. Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият.
14. Модар – биҳишти орзуҳо.
15. Ба даст овардани истиқлолият душвор – ҳифзи он душвортар.
16. Ман ҷавонам, ман ҷавонам, ман ҷавон!
17. Об рӯшноӣ аст!
18. Сухан дониста гӯ, то дӯстро душман нагардонӣ.
19. Зиндагӣ бе орзу ширин набуд.
20. Магӯ нохуш, ки посух нохуш ояд.
21. Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан.
22. Дониш андар дил чароғи равшан аст. 
23. Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст.
24. Вақтро ғанимат дон, он қадар ки битвонӣ.
25. Назди арбоби сухан мояи имон адаб аст.
26. Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор.
27. Симои устоди аввалини ман.
28. Нобурда ранҷ ганҷ муяссар намешавад.
29. Ҷавонмардо, ҷавонмардӣ биомӯз.
30. Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст.
31. Ҷашнҳои миллии мо
32. Либосҳои миллӣ – тараннумгари фарҳанги миллат.
33. Хирад раҳнамою хирад дилписанд.
34. Роғун – ояндаи дурахшони миллат.
35. Рӯ ба ваҳдат кун, ки он бахти тамоми давлат аст.
36. Роҳҳо пайвандгари дилҳоянд.
37. Бани одам аъзои якдигаранд.
38. Ифтихори ватандорӣ.
39. Хотами мулки Сулаймон аст илм.
40. Забони ман – ҷаҳони ман.
41. Тоҷикам, бо Тоҷикистон зиндаам.
42. Бузургӣ ба ақл аст на ба сол.
43. Ҷаҳон бишнохт номи Тоҷикистонро
44. Душанбе - шаҳри орзуҳо
45. Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир.
46. Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ.
47. Танзими расму оинҳо – осоиши зиндагӣ
48. Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар.
49. Меҳргон - иди миллии таърихии мо 
50. Дар ҷаҳон болу пари хеш кушодан омӯз.
51. Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст
52. Нақши неругоҳҳои барқии обӣ дар рушди иқтисоди кишвар
53. Баҳор – арӯси сол
54. Ифтихори миллӣ - нишони ҷавонмардӣ
55. Баробарҳуқуқии зану мард - кафолати оилаи солим
56. Зиндагӣ озодии инсону истиқлоли ӯст...
57. Хидмат ба Модар - Ватан қарз аст.
58. Худшиносӣ аз шинохти худ сарчашма мегирад.
59. Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.
60. Ё оқилона ҳарф бизан, ё оқилона хомӯш бош!
61. Тафаккури хештаншиносии ҷавонон
62. Ҳамқадами замон мебояд буд.
63. Тоҷикистон - кишвари ҳазор дарё.
64. Киро метавон ватанпарвар номид?
65. Нақши омӯзгор дар зиндагии инсонҳо
66. Мактаб – махзани илму дониш
67. Нақши падар дар ташаккули шахсият
68. Таъсири мусиқӣ ба зиндагии инсон
69. Ҷавонӣ ва пиронсолӣ
70. Дарахти дӯстӣ биншон…
 
 
Аз 22.10.2019 тасдиқ шудааст.