ЭЪЛОН !

05-05-2022
Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи довталабон мерасонад, ки Ҷумҳуриҳии Қазоқистон дар соли таҳсили 2022-2023 барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз аз рӯи илмҳои технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, муҳандисӣ, саноатӣ, меъморӣ ва сохтмон, кишоварзӣ ва биоресурсҳо, санъат ва аз рӯи равияи гуманитарӣ дар дошгоҳҳои бонуфузи Қазоқистон (интихоби донишгоҳ ва ихтисос озод аст)  дар зинаҳои бакалавр ва магистр 100 бурсияи таҳсилӣ (80 бакалавр ва 20 магистр) ҷудо намудааст. 
 
Маълумот оиди бурсияҳои мазкур

- Таҳсили ройгон;
- Стипендияи моҳона;
- Манзили зист; 
- Пардохтҳои комуналӣ (пардохт аз хисоби донишҷӯ);
- Суғуртаи тиббӣ(аз ҳисоби донишҷӯ);
- Роҳкиро (аз хисоби донишҷӯ).
 
Ҳуҷҷатҳои лозима:
 
1. Нусхаи шиноснома
2. Нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи шаҳодатномаи таваллуд
3. Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот: аттестат ё маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 11-ум будан. Нусхаи диплом бо замимаҳояш (барои дарёфти зинаи магистр)
4. Маълумотномаи тиббӣ 086 ё 036 ва ВИЧ СПИД
5. Маълумотномаҳо аз диспансерҳои наркологӣ ва психоневрологӣ
6. Сертификати забонҳои хориҷӣ (TOEFL/IELTS, HSK ва ғайра дар ҳолати мавҷуд будан)
7. Дастовардҳои довталаб (дипломи дараҷаи 1,2,3, сертификат, медал, ифтихорнома ва ғайра дар ҳолати мавҷуд будан)
8.Маълумотнома аз ҷои истиқомат
9. Нусхаи шиносномаи падару модар
10. Маълумотнома аз ҷои кори падару модар (дар ҳолати мувақатан бекор будани волидайн аз шуъбаи шуғли аҳолии ҷои истиқомат пешниҳод намудани маълумотнома)
11. Сурати ранга 3х4 (4 дона)

Инчунин ба таваҷҷӯҳи довталабон расонида мешавад, ки қабули хуҷҷатҳо барои бақайдгирӣ ва иштирок дар озмун то 20.05.2022 давом меёбад.
Суроға: ш. Душанбе, к. М. Турсунзода 47 (назди Алиф Сармоя)
Телефонҳо барои тамос: 2-23-23-59