ДИҚҚАТ!!! ЭЪЛОНИ ҶОЙҲОИ КОРИ ХОЛӢ

18-05-2022
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ 
ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус:
-муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус – 1 ҷой (категорияи 2), маоши мансабӣ 2256,80 сомонӣ;
-мутахассиси пешбари раёсати кадрҳо ва корҳои махсус - 1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ - 1124,70 сомонӣ.
Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ:
-мутахассиси пешбари раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ - 1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ - 1124,70 сомонӣ;

Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ:
-сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ – 1 ҷой (категорияи 1), маоши мансабӣ - 2746 сомонӣ;
Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак:
-муовини сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак - 1 ҷой (категорияи 2), маоши мансабӣ 2256,80 сомонӣ;
Раёсати илм ва инноватсия:

-мутахассиси пешбари раёсати илм ва инноватсия - 1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ - 1124,70 сомонӣ;
Раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм: 
-мутахассиси пешбари раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм – 1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ - 1124,70 сомонӣ.
Шуъбаи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва ҳисоботи молиявӣ: 
-сардори шуъбаи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва ҳисоботи молиявӣ - 1 ҷой (категорияи 3), маоши мансабӣ – 2056,20 сомонӣ.

Шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм:
-сардори шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм 1 ҷой (категорияи 3), маоши мансабӣ 2056,20 сомонӣ.
Шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ: 
-сармутахассиси шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ - 1 ҷой (категорияи 5), маоши мансабӣ 1380 сомонӣ;
Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ: 
-сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ - 1 ҷой (категорияи 5), маоши мансабӣ - 1380 сомонӣ;
-мутахассиси пешбари шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ - 1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ - 1124,70 сомонӣ.
Шуъбаи сифати таҳсилот:
-сардори шуъбаи сифати таҳсилот - 1 ҷой (категорияи 3), маоши мансабӣ – 2056,20 сомонӣ.
Шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷро: 
-мутахассиси пешбари шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷро - 1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ – 1124,70 сомонӣ;
Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали тарифӣ пардохт карда мешавад.
Талабот ба довталабон
Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:
-ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида; 
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;
-маълумотнома аз ВКД (оид ба доғи судӣ)
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Талаботҳои тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансабҳои 
холии маъмурии хизмати давлатӣ 
1.Талаботи тахассусӣ барои мансаби муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус: 
–таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
–2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
–дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
–донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
–донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 
–малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
–малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
–кор карда тавонистан бо компютер.
2.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси пешбари раёсати кадрҳо ва корҳои махсус:
–таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ҳуқуқшиносӣ ё гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
–1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ; 
-мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи кор бо компютер.
3.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси пешбари раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ:
–таҳсилоти олии касбӣ, ихтисосҳои гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
–1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
–малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
–донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
–донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 
–кор карда тавонистан бо компютер.
4.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ: 
–таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
–3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ва ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; 
–дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
–донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
–донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 
–малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
–малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
–кор карда тавонистан бо компютер.
5.Талаботи тахассусӣ барои мансаби муовини сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак: 
–таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
–2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
–дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
–донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
–донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 
–малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
–малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
–кор карда тавонистан бо компютер.
6.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси пешбари раёсати илм ва инноватсия:
–таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси гуманитарӣ, техникӣ ё табиӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
–1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
–малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
–донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
–донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 
–кор карда тавонистан бо компютер.
7.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси пешбари раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм:
–таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси иқтисодӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
–1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ; 
-мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи кор бо компютер.
8.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сардори шуъбаи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва ҳисоботи молиявӣ: 
–таҳсилоти олии касбии иқтисодчӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
–4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
–дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
–донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
–донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 
–малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
9.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сардори шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм: 
–таҳсилоти олии касбии иқтисодчӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
–4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
–дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
–донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
–донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 
–малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
10.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ: 
–таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ва ё молиявӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
–2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
–донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
–донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 
–малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
11.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ:
–таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
–2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
–донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
–донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 
–малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
12.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси пешбари шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ:
–таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
–1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ; 
-мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи кор бо компютер.
13.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сардори шуъбаи сифати таҳсилот:
–таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
–4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
–дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
–малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
–донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
–донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 
–малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
–малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
–кор карда тавонистан бо компютер.
14.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси пешбари шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷро:
–таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси филологӣ ҳуқуқшиносӣ ва ё гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ; 
-мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи кор бо компютер.
Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Нисормуҳаммад-13А, телефон: 221-37-65, 227-67-07, факс: 221-70-25, суроғаи электронӣ: kadr@maorif.tj, сомона: www.maorif.tj 
Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси
Вазорати маориф ва илм