Даъватнома барои иштирок дар озмуни хариди таҷҳизоти мактабӣ

04-06-2019
Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро  барои ширкат дар озмун бо тариқи иштироки номаҳдуд бо ҳуқуқи бастани қарордод оид ба дастрас намудани таҷҳизоти мактабӣ даъват менамояд. 
Тавсифи муфассали таҷҳизоти мактабии харидашаванда ва шартҳои қарордод, ҳамчунин расмиёти озмун дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ зикр ёфтааст, ки он ба ҳар кадом молрасон бо дархости хаттии вай бо тартиби зерин пешниҳод карда мешавад: 
Баъд аз пардохти маблағи бебозгашти арзиши ҳуҷҷаҳои тендерӣ ба хазинаи Раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илм (арзиши ҳуҷҷат 200 сомонӣ), аз тарафи шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ (ҳуҷраи 102)  ҳуҷҷати тендерӣ пешниҳод мегардад. 
Сана ва вақти кушодони дархост: 26 июни соли 2019 дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 15:00 бо суроғаи ш.Душанбе к.Нисормуҳаммад 13А
Шартҳои боқимонда ва маълумоти муфассал оид ба озмун дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ, дарҷ  гардидааст.
Телефон барои маълумот: 227-45-02;