Даъватнома барои иштирок дар озмуни харид

05-12-2019
Бо мақсади таъмин намудани эҳтиёҷоти Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат», Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро барои ширкат дар озмун бо тариқи иштироки номаҳдуд бо ҳуқуқи бастани қарордод оид ба хариди таҷҳизот барои муассисаи мазкур  даъват менамояд. 
Тавсифи муфассали таҷҳизоти харидашаванда ва шартҳои қарордод, ҳамчунин расмиёти озмун дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ зикр ёфтааст, ки он ба ҳар кадом иштирокчи бо дархости хаттии вай бо тартиби зерин пешниҳод карда мешавад: 
Баъд аз пардохти маблағи бебозгашти арзиши ҳуҷҷатҳои озмунӣ ба хазинаи  Вазорати маориф ва илм (арзиши ҳуҷҷат 100 сомонӣ). 
Сана ва вақти кушодани дархост: 26 декабри соли 2019, соати 1400дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи ш.Душанбе к.Нисормуҳаммад 13а
Шартҳои боқимонда ва маълумоти муфассал оид ба озмун дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ, дарҷ  гардидаанд.
Телефон барои маълумот: 227-45-02;