Бурсияҳои таҳсилии Ҳукумати Ҷумҳурии Венгрия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсилии 2020-2021

28-11-2019
Ҳукумати Ҷумҳурии Венгрия барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсилии 2020-2021 аз рӯи зинаҳои бакалавриат (4-5 сол), бакалавр+магистратура (5-6 сол), магистратура ва доктор PhD (2+2 сол) бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо намудааст. 
Барномаи бакалавр+магистр (5-6) сол дар донишгоҳҳои ин кишвар маълумоти олии ҳам бакалавр ва ҳам магистратураро дар бар мегирад. Ин барнома аз рӯи ихтисосҳои махсус, ба монанди тибби умумӣ, дорусозӣ, ҳуқуқ, кишоварзӣ, ҷарроҳии бойторӣ, муҳандис оид ба корҳои ҷангалӣ (лесотехнический) ва ғайраҳо амалӣ карда мешавад.
Довталабон метавонанд таҳсилро бо забони венгерӣ ва ё англисӣ интихоб намоянд. Донишҷӯёне, ки бо забони венгерӣ таҳсил менамоянд, соли аввал курси омӯзиши забони венгериро гузашта, аз соли дуюм аз рӯи ихтисоси интихобнамудаашон таҳсил менамоянд.
Донишҷӯёне, ки таҳсилро бо забони англисӣ интихоб менамоянд, дар соли аввали таҳсил курси забони венгериро низ дар қатори дигар фанҳо омӯхта, дар охири сол аз он имтиҳон месупоранд. Дар сурати нагирифтани холи қаноатбахш аз фани венгерӣ, маблағи стипендияи онҳо барои солҳои минбаъда кам карда мешавад.
 Дар доираи бурсияҳои мазкур ҷониби Венгрия чунин шароитҳоро пешниҳод намудааст:
Таҳсили ройгон;
Хобгоҳи ройгон;
Суғуртаи тиббӣ;
  Стипендияи моҳона барои зинаҳои бакалавр, бакалавр+магистр ва магистратура ба маблағи 130 евро ва барои доктор PhD 415 евро (2 соли аввал) ва 530 евро (2 соли охир).
Қабули хуҷҷатҳо тариқи онлайн дар сомонаи https://apply.stipendiumhungaricum.hu/  то санаи 14 январи соли 2020 идома меёбад. То ин муддат довталабон бояд, ки худро тариқи онлайн номнавис намуда, тамоми ҳуҷҷатҳои лозимаро нусхабардорӣ (сканер) карда, ба кабинети инфиродии худ пешниход намоянд. 
Хатмкунандагони синфҳои 11, донишчӯён ва магистрони соли охири таҳсил, ки аттестат/дипломи худро баъд аз хатми муассисаи худ дастрас менамоянд, бояд ки маълумотнома аз ҷои таҳсил ва тасдиқнома (ариза) бо имзои худашон дар хусуси то санаи 1-уми августи соли 2020 пешниҳод намудани аттестат/дипломи худ манзур намоянд. Дар сурати то санаи 15 январи соли 2020 пешниҳод нагардидани ҳуҷҷатҳои мазкур, аттестат ва дипломи онҳо қабул карда намешавад ва онҳо имконияти қабул шуданро аз даст медиҳанд.
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва талабот:
1. Анкета - тариқи онлайн бо забони англисӣ пур карда, сурат гузошта шуда, ҳифз карда шавад;
2. Мактуби ҳавасмандӣ - (motivation letter) бо шрифти Times New Roman (ҳаҷми ҳарф 12) на камтар аз 1 саҳифа;
3. Хуҷҷати тасдиқунандаи дараҷаи забондонӣ (сертификат) бо тарҷумаи забони интихобнамудаи таҳсил;
4. Транскрипсияи фанҳои хонда ва баҳоҳои онҳо бо забоне, ки довталаб таҳсилро интихоб намудааст;
5. Маълумотномаи тиббии шакли байналмилалӣ (ҷониби Венгрия барои довталабон намунаи маълумотномаи тиббӣ пешниҳод накардааст);
6. Нусхаи шиносномаи хориҷӣ. Довталабоне, ки шиносномаи хориҷӣ надоранд, то дастрас намудани он метавонанд шиносномаи тоҷикии худро пешниҳод намоянд;
7. Маълумотномаи (сертификати) сатҳи забондонӣ – шакли сканершудаи нусхаи аслӣ ва тарҷумаи он бо забоне, ки довталаб таҳсилро интихоб менамояд;
8. Аттестат-барои барномаҳои бакалавр ва бакалавр+магистратура: аттестати муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва тарҷумаи он бо забони интихобнамудаи таҳсил;
9. Диплом - барои магистратура дипломи муассисаи таҳсилоти олӣ ва тарҷумаи он бо забони интихобнамудаи таҳсил;
10.Нақшаи тадқиқотӣ (research plan) (барои докторантҳо, PhD)
11.Ду номаи тавсияшуда (recommendation letters).
Нусхаи аслии тамоми ҳуҷҷатҳои зикршударо бо забони интихобшудаи таҳсил тарҷума намуда, дар саҳифаи қабули ҳуҷҷатҳои кабинети инфиродӣ ҷойгузорӣ карда мешаванд.
Довталабон метавонанд ду ихтисосро (ба ғайр аз ихтисосҳои тиббӣ) интихоб намоянд. 
Баъд аз хонапурӣ ва тасдиқ намудани хуҷҷатҳои худ, довталабон нусхаи ҳуҷҷатҳои худро ба Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон барои бақайдгирӣ супоранд.
Суроға: ш. Душанбе, к. Нисормуҳаммад 13а, 
Тел.: 2213033, Email: umomort@gmail.com