БА ТАВАҶҶУҲИ НАМОЯНДАГОНИ ВАО

30-01-2020
Ба иттилои намояндагони воситаҳои ахбори омма мерасонем, ки 31-уми январи соли 2020, соати 11:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.
Дар он вазири маориф ва илм, муовинони вазир, сардорони раёсат ва шуъбаҳо ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат иштирок менамоянд.
Рӯзноманигорон метавонанд иштирок намуда, ба саволҳои худ ҷавоб гиранд.
Маркази матуботи
Вазорати маориф ва илм