БА ТАВАҶҶУҲИ ДОВТАЛАБОН!

17-01-2020
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва довталабон мерасонад, ки Вазорати маориф ва илми Украина дар соли таҳсили 2020-2021 барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии ин кишвар дар зинаҳои таҳсилии бакалавр ва магистратура 20 бурсия (15 бакалавр, 5 магистратура) ҷудо намудааст.
Доир ба дарёфти маълумоти муфассал довталабон метавонанд ба Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” (суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода 47, тел: 2232357, 2232359,) муроҷиат намоянд.