ВУСЪАТЁБИИ ҲАМКОРИҲОИ ВАЗОРАТ БО ДОНИШГОҲҲОИ ХОРИҶИ КИШВАР

28-09-2018
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола барои беҳтар намудани ҳамкориҳо дар соҳаи илм ва маориф бо муассисаҳои таҳсилоти касбии кишварҳои хориҷӣ дар ассоси муносибатҳои дипломатии байнидавлатӣ ҳамкориҳоро вусъат мебахшад, ки ин барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва дар хориҷа таҳсил намудани донишҷӯёни тоҷик мусоидат менамояд. Дар идомаи ин ҳамкориҳои судманд 27-уми сентябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм маросими баимзорасии созишнома байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Волгоград сурат гирифт. Дар маросими бастани шартнома вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, муовини якуми вазири маориф ва илм Р. Мирбобоев, директори Маркази баронмаҳои байналмилалӣ И. Шодиев ва ректори Донишгоҳи давлатии Волгоград В. Тараканов, директори ташкилоти ғайридавлатии рушд-“Фонд” дар Тоҷикистон Г. Назарова,  директори Донишкадаи таҳсилоти байналмилалии Донишгоҳи давлатии Волгоград   Н. Глазкова иштирок намуданд. Нахуст вазири маориф ва илм меҳмононро хайрамақдам гуфта, оид ба ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Федератсия Россияо дар соҳаи маориф ва илм изҳори андеша намуд.
Инчунин, ҷонибҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки вусъат ёфтани ҳамкориҳо баҳри тайёр намудани мутахассисони варзидаи ба талаботи бозори меҳнати Тоҷикистон ҷавобгӯ мусоидати бештар хоҳад намуд.
Саймуҳаммади ИЗАТУЛЛО – корманди 
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм