ВОХӮРИИ З.АБДУЛЗОДА БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ШАҲРИ ХОРУҒ

30-06-2022
30-юми июни соли ҷорӣ дар толори раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вохӯрии муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода бо кормандони соҳаи маорифи шаҳри Хоруғ баргузор гардид.
Зимни суҳбат З.Адулзода бо ёдоварӣ аз дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои соҳибистиқлолӣ зикр кард, ки мақсад аз суҳбати имрӯза иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва сифати таълиму тарбия, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, истифодаи усулҳои муосири таълим ва истифодаи технологияи муосир дар раванди дарс, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ ва китобҳои дарсӣ, огоҳӣ пайдо намудан аз вазъи муассисаҳои таълимӣ ва мушкилоти мавҷудаи соҳа дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.
Дар рафти суҳбат муовини вазир бештар ба масъалаи таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ ва китобҳои дарсию бадеӣ, фарогирии хонандагон ба муассисаҳои томактабию миёнаи умумӣ, хусусан ҷаби духтарон ба зинаи сеюми таҳсил, дарёфти хонандагони болаёқат ва иштирок дар олимпиадаю озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавон ва чанде дигар таваҷҷуҳи иштирокдоронро ҷалб намуда, ҷиҳати бартараф намудани проблемаву мушкилоти ҷойдошта дар самтҳои зикршуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Сипас, аз ҷониби иштирокдорон вобаста ба як қатор мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла, набудани воҳидҳои корӣ барои методистони шуъбаҳои маориф ва ба таври зарурӣ ҷудо нагардидани маблағ барои аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани онҳо, ҷорӣ намудани таълими экстернат, таъмини гурӯҳҳои русии муассисаҳои таълимии вилоят бо китобҳои дарсӣ, мисли солҳои қаблӣ барқарор намудани маҳфилҳои сурудхонӣ зимни таълими фанни суруд ва мусиқӣ дар муассисаҳои таълимӣ, дастрасии ҳамаҷониба ба имтиёзҳои муқарраргардида барои омӯзгорон, дар ҳар шаҳру ноҳияи вилоят сохта ба истифода додани як муассисаи типпи нав, пешгирӣ аз санҷишҳои ғайринақшавию беасос аз ҷониби мақомотҳои ғайрисоҳавӣ, ҷалби омӯзгорони нафақагир ба маҳфилҳои марказҳои таҳсилоти иловагӣ, бо назардошти манфиатҳои худ таҳия ва тасдиқ намудани сметаҳои хароҷотии муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби масъулини раёсату шуъбаҳои молия, аз ҷониби мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ғайримақсаднок истифода шудани воҳидҳои кории ба соҳа ҷудошуда ва чанде дигар таклифу пешниҳодҳо манзур карда шуд.
Дар охир, бори дигар муовини вазир доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омоданамоии мутахассисони босаводу донишманд, истифодаи усулҳои нави таълим ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, истифодаи технологияи муосир дар раванди таълим, аз ҷумла истифодаи тахтаҳои электронӣ, таъмини муассисаҳо бо китобҳои дарсию озмоишгоҳҳои таълимӣ ёдовар шуда, ҳамзамон, зикр кард, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бевосита вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамро ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ, таъминот бо компютеру тахтаҳои электронӣ, пешбинӣ намудани имтиёзҳо ба омӯзгорон, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва чанде дигар як қатор тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардида истодааст. Аз ин рӯ, омӯзгоронро зарур аст, ки ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат, Пешвои муаззами миллат ва Вазорати маориф ва илм фаъолияти дучанд намуда, дар самти баландбардории сифати таҳсилот, бо истифода аз касбият ба роҳ мондани дарсҳои самарабахш ва омода намудани мутахассисони варзида, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ ва чанде дигар саҳми шоиста гузоранд.