ВОХӮРИИ СУДМАНД

19-09-2019
18-уми сентябри соли ҷорӣ вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев бо намояндаи Палатаи лордҳои Британияи Кабир ҷаноби Муҳаммед Илтаф Шейх баргузор гашт.
Зимни мулоқот Р. Мирбобоев аз ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир дар самти маориф ва илм изҳори қаноатмандӣ намуд.
Муҳаммед Илтаф Шейх зикр кард, ки ҳадаф аз боздид баррасии мазӯъҳо дар самти таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, маориф, сайёҳӣ, ҳамчунин, тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ, танзими форумҳои тиҷоратӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Лондон мебошад. 
Дар доираи сафари хеш ҷаноби Муҳаммед Илтаф Шейх ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ташриф овард.
Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО