ВОХӮРИИ СУДМАНД БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ

17-12-2021
16-уми декабри соли равон дар толори Донишгоҳи славянии Тоҷикистон – Россия вохӯрии сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Мансур Бухоризода бо кормандони соҳаи маориф баргузор гардид, ки дар он муовинони вазири маориф ва илм Диловар Қодирзода ва Гулҷеҳра Ғанизода, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, мудирони шуъбаҳои маориф ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе иштирок доштанд. 
Мансур Бухоризода –  сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ оид ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, тартибу одоби ҳамидаи инсонӣ ибрози назар карда, аз иштирокдорони вохӯрӣ даъват ба амал овард, ки барои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни толибилмону донишҷӯён ҳамкории судмандро бо ниҳодҳои дахлдор ба роҳ монанд. 
Дар вохӯрӣ, инчунин, Қутбиддин Муҳиддинзода – сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ, Ҳокимхон Вализода – сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва Фаррух Ҳайдаров – сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Вазорати маориф ва илм доир ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, дастовард ва мушкилоти онҳо суханронӣ карданд. Аз ҷониби муовини вазири маориф ва илм Д. Қодирзода ба сардорони раёсатҳои таълимии вазорат ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта, хусусан, пешгирии ҳуқуқвайронкунии хонандагону донишҷӯён чораҳои зарурӣ андешида шавад.

                                                                                                                                                                                 Бахтовар САФАРОВ