ВОХӮРИИ САИДЗОДА РАҲИМ ҲАМРО БО РОБЕРТ ҶЕНКИНСОН

01-07-2022
Дар бошишгоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро бо директори глобалии ЮНИСЕФ оид ба маориф ва рушди ҷавонон Роберт Ҷенкинсон баргузор гардид.
Зимни мулоқот нахуст ҷонибҳо вобаста ба ҳамкориҳои ҷойдошта миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ибрози андеша намуданд. Роберт Ҷенкинсон- директори глобалии ЮНИСЕФ оид ба маориф ва рушди ҷавонон аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф изҳори хушнудӣ намуда, зикр кард, ки муваффақияти беҳтарини Тоҷикистон ин ба таҳсил фаро гирифтани тамоми наврасони синни мактабӣ, хусусан духтарон мебошад.
Дар вохӯрӣ, инчунин, масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои минбаъда миёни Вазорати маориф ва илм ва Дафтари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, трансформатсияи соҳаи маориф, таваҷҷуҳ ба баробарии гендерӣ, рақамикунонии соҳаи маориф ва чанде дигар мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
Роберт Ҷенкинсон пешниҳод намуд, ки дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти маориф ва баробарии гендерӣ дар шакли ҳуҷҷат таҳия ва ҳамчун дастури намунавӣ барои корбарӣ ба дигар кишварҳо фиристода шавад. 
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рақамикунонии соҳаи маориф иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузаштан ба рақамикунонии соҳаи маориф тамоми чораҳоро меандешад ва шароити мусоидро барои гузаштан ба низоми мазкур тарҳрезӣ кардааст.
-Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад ва маҳз ин ғамхориҳост, ки соҳаи маориф дар сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар соҳаи афзалиятнок эълон гардидааст,-зикр кард вазир.
Дар охир ҷонибҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки ҷиҳати рушди ҳамкориҳои минбаъда тамоми чораҳои дахлдор андешида мешавад.