ВОХӮРИИ РАҲИМ САИДЗОДА БО ИГОР ЛЯКИН-ФРОЛОВ

11-05-2022
11-уми майи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов доир гардид, ки дар он муовини якуми вазир Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазир Шукрулло Хайрзода, роҳбари Маркази фарҳангию мадании “Россотрудничество” дар Тоҷикистон Иван Иванов ва сардорони раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва раёсати сохтмонии асосии назди вазорат иштирок намуданд. 
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба фаъолияти мактаби миёнаи русӣ-тоҷикии назди Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон, тасвиби Созишнома дар бораи шароити фаъолияти муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки таълимашон бо забони русӣ аст ва вазъи қабули хонандагон ва ба кор қабул кардани номзадҳо ба вазифаи омӯзгорӣ мубодилаи афкор намуданд. 
Дар ҷараёни вохӯрӣ таъкид гардид, ки Вазорати маориф ва илм дар робита ба мактаби назди Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи шароити фаъолияти мактаби таҳсилоти миёнаи умумии русӣ-тоҷикии назди Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон аз 4 апрели 2007 таҳия кардааст. 
Оид ба масъалаи Созишнома дар бораи шароити фаъолияти муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки таълимашон бо забони русӣ аст, иттилоъ дода шуд, ки ҷонибҳо дар ҳоли омодагӣ ба тасвиб қарор доранд. 
Нисбати масъалаи қабули хонандагон ва ба кор қабул кардани номзадҳо ба вазифаи омӯзгорӣ қайд карда шуд, ки аз ҷониби вазорат якҷоя бо иҷрокунандаи лоиҳа аз ҷониби Россия гурӯҳи кории идоравӣ таъсис дода шуда, корҳо дар ин самт бомаром ҷараён доранд.
БАХТОВАР САФАРОВ