Вохӯрии Муҳаммадюсуф Имомзода бо Ҷон Марк Поммершайм

29-11-2021
29-уми ноябри соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илм вохӯрии Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷон Марк Поммершайм-Сафири фавқулода ва мухтори ИМА дар Душанбе баргузор гардид, ки дар он иштирокдорон вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуданд.
Нахуст, вазири маориф ва илм М.Имомзода зикр кард, ки ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар соҳаи маориф ва илм дар доираи лоиҳа ва барномаҳое, ки аз ҷониби Департаменти давлатии ШМА дар соҳаи маориф  ва илм маблағгузорӣ мешаванд, ба роҳ монда шудааст.
 Зимни суҳбат иттилоъ дода шуд, ки айни замон ҳашт маркази амрикоӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Исфара, Кӯлоб, Хоруғ, Бохтар, Ғарм ва Панҷакент  фаъолият намуда, ба хоҳишмандон ҳамарӯза маҳфилҳои гуногуни забономӯзӣ, истифодабарии технология, иштирок дар мизҳои мудаввар бо мутахассисони соҳавӣ, истифодабарии интернети  баландсуръат бо мақсади омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва амсоли инҳоро ба таври ройгон пешкаш менамояд.
Яке аз ташкилотҳои бонуфузи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм фаъолият менамояд, USAID (ЮСАИД) – ташкилот оид ба рушди байналмилалӣ дар соҳаи маориф ва илм мебошад, ки то имрӯз якчанд лоиҳаҳоро амалӣ намудааст. Аз ҷумла, лоиҳаи «Хониши босифат» барномаи  панҷсола  буда,  ҳадафи он беҳтар намудани  натиҷаҳои хониши хонандагони синфҳои як то чор дар мактабҳои миёна мебошад. Ҳамкориҳои вазорати маориф ва илм бо ЮСАИД дар асоси Созишномаи  ҳамкорӣ ба  роҳ  монда  шуда, моҳи  июли соли 2017 ҷиҳати ба фаъолият оғоз  намудани лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» Ёддошти  тафоҳум миёни вазорат ва ЮСАИД ба имзо расидааст. Мақсади асосии лоиҳа тақвияти натиҷаҳои хониши хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимии мақсаднок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Фаъолияти лоиҳа дар самти зиёд намудани дастрасӣ ба маводи босифати хониш, такмили ихтисоси омӯзгорон оид ба таълими хониш ва арзёбии рушди малакаҳои хониш, пешниҳоди навовариҳо ва рушди ҳамкориҳо барои дастгирии дастовардҳои таълимии хониш, инчунин рушди дастгирии ҳукумат дар самти тақвияти хониш ба ҳисоб меравад. 
Ҳамзамон, дар самти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, шурӯъ аз соли 2007 то ба имрӯз факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ  бо Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе ҳамкории хешро ба роҳ мондааст. 
Ҷон Марк Поммершайм-Сафири фавқулода ва мухтори ИМА дар Душанбе аз ҳамкориҳои ҷойдошта дар самти маориф ва илм изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки Сафорати ИМА омодааст, ки ҳамкориҳоро дар самти таъсиси марказҳои нави омӯзиши забони англисӣ, даъвати омӯзгорон аз ИМА ҷиҳати дарс гуфтан дар марказҳои забономӯзӣ, мусоидат дар нашри китобҳои дарсӣ, ҷоннок намудани фаъолияти барномаҳои таълимии FLEX ва ACCELS вусъат бахшад.
Дар охир, ҷонибҳо таъкид доштанд, ки вобаста ба рушди ҳамкориҳо миёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти маориф ва илм тамоми чораҳои судманд андешида мешавад.
Эҳсони Хушбахт