Вохӯрии Ҷамшед Ҷӯразода бо Шинан Кассам

19-07-2022
19-уми июли соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо директори кишварии ташкилоти “Каритас Швейтсария” Шинан Кассам доир гардид, ки дар он, инчунин, намояндагони раёсатҳои муносибатҳои байналмилалӣ, иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани лоиҳаи нави ташкилоти “Каритас Швейтсария” дар самти таъмин намудани истеҳсоли самараноки маҳсулоти озуќаворӣ ва ғизо дар ќитъаҳои замин ва боғҳои наздимактабӣ бо маќсади дастгирии Барномаи миллии ғизоми мактабӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод ва Лахш, инчунин, таъмиру таҷдиди ошхонаҳо, ташкили гармхонаҳо, гузаронидани оби нӯшокӣ ва нуқтаҳои гармидиҳӣ дар муассисаҳо мубодилаи афкор намуданд. Ҳамзамон, дар бораи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илм ва ташкилоти “Каритас Швейтсария” табодули андешаҳо сурат гирифт.
Бояд гуфт, ки лоиҳаи нави ташкилоти “Каритас Швейтсария” аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мегардад ва он дар самти ғизои мактабӣ фаъолият дорад. Лоиҳаи мазкур ният дорад дар 10 муассисаи пилотӣ дар ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод ва Лахш кори худро оғоз намояд ва то панҷ соли дигар дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ лоиҳаи мазкурро татбиқ намояд.

Бахтовар Сафаров