ВОХӮРӢ БО КОТИБОНИ МАСЪУЛИ КОМИССИЯИ ҚАБУЛИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБӢ

02-08-2019
2-юми августи соли ҷорӣ дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони маориф ва илм вохӯрии вазири маориф ва илм Нуриддин Саид ва директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Икромӣ бо котибони масъули комиссияи қабули муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ баргузор гашт.
Дар оғоз Нуриддин Саид-вазири маориф ва илм баромад намуда, ҳадаф аз баргузории вохӯрии мазкурро ба котибони масъули комиссияи қабули муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ фаҳмонидани тартиби қабули донишҷӯён ва ҳуҷҷатгузории ҷорӣ арзёбӣ намуд. Сипас, ба котибони масъул тавассути навори видеоӣ тартиби пур намудани ҳуҷҷатҳои довталабон ва риояи талаботи ҷоринамудаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд. 
Дар идома Х.Икромӣ-директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, зикр кард, ки ин марҳила барои ҳар як довталаб марҳилаи зарурӣ ва тақдирсоз унвон мешавад, аз ин рӯ, зарур аст, ки ба саҳлангорӣ роҳ надиҳем. 
Дар охир Нуриддин Саид-вазири маориф ва илм ба котибони масъули комиссияи қабули муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ як қатор дастуру супоришҳо дода, аз ҷумла таъкид кард, ки зимни баргузории қабули ҳуҷҷатҳои довталабон ҳангоми шомилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҷиҳати роҳ надодан ба хатогиҳо ва худдорӣ намудан аз амалҳои коррупсионӣ чораҳои судманд андешанд.

Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО