ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ: НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТ-2018 (13)

23-01-2019
Яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳсилоти олии касбӣ дар сатҳи баланд ва мутобиқ ба талаботи бозори меҳнати дохилию хориҷии кишвар омода намудани кадрҳои баландихтисос мебошад.
Бо ин мақсад қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 21.06.2018, №306 ба тавсиб расид.
Ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тариқи Маркази миллии тестӣ 41 ҳазору 354 нафар қабул гардид. Ҳамзамон, дар соли таҳсили 2018-2019 ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷиҳати таҳсил барои таҳсилоти дуюми олии касбӣ 2 ҳазору 495 нафар, барои идомаи таҳсил пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ 5 ҳазору 674 нафар донишҷӯ қабул карда шуд.
Инчунин, 2 ҳазору 50 нафар шаҳрванди хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд.
Дар баробари ин, дар соли 2018 аз 61 шаҳру ноҳияи кишвар 1244 нафар довталаб тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.