ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ: НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТ-2018 (11)

21-01-2019
Дар соли 2018 тибқи нақшаи тақвимии курсҳои такмили ихтисос ва курсу семинарҳои махсус аз ҷониби Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва филиалҳои он дар ҷумҳурӣ 973 курси баландбардории маҳорати касбии нақшавӣ бо фарогирии 23 238 нафар, 592 курси омӯзишии муносибати босалоҳият дар таълими фанҳои табиӣ ва технологияи информатсионӣ бо фарогирии 22 547 нафар, 138 курси омӯзишии муносибати босалоҳият дар таълим барои омӯзгорони фанҳои хориҷӣ бо фарогирии 4 177 нафар ва 217 курси омӯзишии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ бо фарогирии 4 503 нафар дар доираи лоиҳаи “Ҳамроҳ бихонем”–и ЮСАИД ташкил ва баргузор карда шуд, ки дар маҷмӯъ 1 920 курсро бо фарогирии 54 543 нафар ташкил медиҳад.