ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО САФИРИ УКРАИНА ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

22-02-2021
 
22-юми феврали соли равон Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Василий Серватюк-Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом дод.
Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ як қатор масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои ду кишвар дар самти илму маорифро мавриди баррасӣ қарор доданд.
М. Имомзода аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд  дар соҳаи маориф ва илм изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки шумораи зиёди кормандони соҳаи тиб ва олимону донишмандон рисолаҳои илмии худро дар Ҷумҳурии Украина ҳимоя кардаанд ва имрӯз дар дохили кишвар фаъолияти назаррасу судманд доранд. Дар ҳамин замина,  лозим аст, ки масъалаи фароҳам овардани имконияти ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар дигар риштаҳо дар кишвари Украина барои шаҳрвандони Тоҷикистон бозбинӣ шавад ва унвону дараҷаҳои илмии Тоҷикистон дар кишвари Украина эътироф гардад. 
Василий Серватюк дар навбати худ аз пешниҳоду дархости вазири маориф ва илми Тоҷикистон истиқбол намуда, қайд кард, ки кишвари Украина низ барои ба роҳ мондани ин гуна ҳамкориҳо ва дар умум, тавсеаи муносибатҳои дипломативу дӯстонаи ду давлату миллат моил аст ва дар фурсати муносиб расман ба амалигардонии ин масъалаҳо иқдом хоҳанд гирифт.  Мавсуф, инчунин, пешниҳод намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишгоҳи таълимӣ баргузор карда шавад.
Ҳамчунин, дар рафти мулоқот гуфта шуд, ки ҳамасола аз ҷониби кишвари Украина 20 бурсияи таҳсилӣ (15 бакалаврият ва 5 магистратура) барои шаҳрвандони Тоҷикистон пешниҳод мегардад, ки тибқи ин бурсияҳо даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон имкони таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Украинаро ба даст меоранд. 
Мавриди зикр аст, ки ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм бо кишвари Украина дар асоси Созишнома миёни Вазорати мориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Украина оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф  аз 9-уми апрели соли 2003 ва протоколҳои ҷаласаи ҳамасолаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ба роҳ монда шудааст.