ВАНҶ: ШОҲАСАРИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ – КИТОБИ “ТОҶИКОН” ДАСТРАСИ СОКИНОН ГАРДИД

30-11-2020
   Тавре ба ҳамагон маълум аст, дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби “Тоҷикон” чоп гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар оилаи мамлакат тақдим карда мешавад. Ин туҳфаи пурарзиши Пешвои миллат бо роҳбарии Нуралӣ Собирзода-муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ фиристода шуд.
   Тибқи иттилои раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим тақсимоти китоби “Тоҷикон” имрӯз аз ноҳияи Ванҷ оғоз гардида, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия доир ба масъалаи мазкур комиссияи махсус таъсис дода шудааст, ки раванди супоридани туҳфаи Роҳбари давлатро дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот назорат менамояд. 
   Нуралӣ Собирзода-муовини вазири маориф ва илм иттилоъ дод, ки барои мардуми ноҳияи Ванҷ мутаносибан ба теъдоди хонаводаҳо 4408 китоб ҷудо шуда, он ба ҳар як хонавода дастрас карда мешавад.
   Хушвахт Искандаров-омӯзгори собиқадори ноҳия бо хушҳолӣ аз ин иқдоми маорифпараваронаи Роҳбарияти олии мамлакат иброз дошт, ки “Ман солҳо боз орзу доштам, ки ин китоби пурарзиш китоби рӯйимизии ҳар як фарди тоҷик бошад. Имрӯз ба орзуям расидам ва аз номи тамоми омӯзгорони ноҳия ба Пешвои муаззами миллат изҳори миннатдорӣ менамоям. Боварӣ дорам, ки ин амали нек ва шоиста дар раванди худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси бою пурғановати гузаштагон саҳми арзанда мегузорад.
Пайшамбӣ Шоҳзода