Ҷувздони хонанда чӣ гуна бошад?

03-12-2018
Дар даст доштани ҷувздон аз он шаҳодат медиҳад,  ки соҳиби он кист. Мисол меорем: шахсе, ки ба муҳоҷират меравад, дар даст ҷувздони калоне дорад. 
Дар дасти шахси дигаре ҷувздони варзишии  на он қадар бузург дида мешавад ва  он шахс либоси варзишӣ дар тан дорад. Маълум мешавад, ки вай варзишгар аст. Ҷувздон яке аз ашёҳои мактабии хонанда буда, барои нигоҳдошти лавозимоти  ашёҳои дарсӣ истифода бурда мешавад. Дар ин замина қайд кардан мехоҳам, ки қисме аз  ҷувздонҳое, ки хонандагон истифода мебаранд, ба талаботи мактабҳо ҷавобгӯ нестанд. Дар дасти бисёр толибилмон ва донишҷӯён ҷувздоне дида мешавад, ки дар он танҳо як китоб ва  як дафтару рӯзномаи ӯ ҷой мегираду халос. Ҳол он ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  ва дигар муассисаҳо дар як рӯз зиёда  аз 4 ё 5 соат дарс мехонанд  ва   хонанда бояд  6 китоб ва 6  дафтарро бо худ дошта бошад.  Аз ин лиҳоз,барои бартараф намудани чунин камбудиҳо ҳамагон бояд саҳмгузор бошем. Дар маҷлисҳои синфӣ ва  умумии падару модарон масъалаи бо ҷувздон ба таълимгоҳ омадани хонандаро  гузошта, ба падару модарони онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидан зарур аст. Ҳар як падару модарро лозим аст, ки бо ҷувздон ба дарс омадани фарзандони худро зери назорати қатъӣ гиранд. Ҳамзамон, ба фарзандони худ аз фурӯшгоҳҳо ҷувздоне харидорӣ намоянд, ки ба шароити муассиса мутобиқат намояд. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 низ дар маҷлиси умумимуассисавии падару модарон низ оид ба ин масъала аз тарафи муовини директор оид ба тарбия бо волидайни хонандагон суҳбат доир карда шуд.
Камолиддин СИРОҶОВ,
ҷонишини директор оид ба тарбияи
                                                                                           мактаби №3-и,  ноҳияи Шаҳринав