Тоҷикистону Эрон: ҳамкориҳо дар самти маориф вусъат меёбад

09-08-2019
9-уми августи соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Саид Нуриддин Саид бо сафири навтаъйини Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммадтақӣ Собирӣ доир гардид, ки дар он ҷонибҳо аз ҳамкориҳои судманду ҷойдошта дар самти маориф ва илм ибрози андеша намуданд.
- Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ки дар самти табодули донишҷӯён, ҷудо намудани бурсияҳо барои донишҷӯёни ду кишвар, дифои рисолаҳои унвонҷӯёну муҳаққиқони эронӣ дар Шӯроҳои дифои Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, табодули таҷрибаи олимону профессорон, баргузор кардани ҳамоишҳои илмию фарҳангии муштарак, таҳия ва чопи китобҳои дарсӣ, таҳсилоти инклюзивӣ ва чанде дигар ҳамкориҳоро ҳамаҷониба ба роҳ монад, - зикр кард сафири навтаъйини Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммадтақӣ Собирӣ.
Вазири маориф ва илм Нуриддин Саид иброз дошт, ки ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳо тамоми асноди меъёрии ҳуқуқӣ коркард шудааст ва он дар доираи созишномаҳои баимзорасида ба роҳ монда мешавад.
-Хуб мебуд, ки бештар табодули донишҷӯён дар риштаву ихтисосҳое ба роҳ монда шавад, ки аз рӯйи он ихтисосҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассис омода карда намешаванд ва ҳамзамон, баргузор кардани ҳамоишҳои илмию фарҳангӣ, табодули таҷрибаи олимону профессорон, омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар ба мақсад мувофиқ аст.
Дар охир, ҷонибҳо ибрози назар намуданд, ки ҷиҳати вусъат ёфтани ҳамкориҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти маориф ва илм тамоми чораҳо андешида мешавад.