ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ ФАРҒОНАИ ӮЗБЕКИСТОН КӮДАКИСТОН БУНЁД НАМУД

27-09-2021
24-уми сентябри соли равон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон муассисаи таҳсилоти томактабиро мавриди истифода қарор дод. 
Дар маросими ифтитоҳи кӯдакистони «Шапарак» вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири муассисаҳои томактабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Агриппина Шин, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров, муовини директори Дирексияи сохтмони дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳаким Ғанизода, муовини вазири муассисаҳои томактабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Узоқбой Бегимқулов, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Камолзода, сардори раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода, сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода, директори кӯдакистони №8-и вилояти Суғд Дилрабо Каримова, муовини ҳокими вилояти Фарғона Файзулло Қосимов, ҳокими ноҳияи Риштони вилояти Фарғона Субҳонжон Солиев, сардори раёсати  ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармояи хориҷии Вазорати муассисаҳои томактабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Низомиддин Зиямов, сардори раёсати муассисаҳои томактабии вилояти Фарғона Юлдуз Хоҷаева ва сардори шуъбаи муассисаҳои томактабии ноҳияи Риштон Муҳайё Дадажонова иштирок намуданд.
Кӯдакистон бо тарҳи замонавӣ бунёд шуда, барои 200 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст. Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум толори бозии кӯдакон, толори хоби кӯдакон, толори қабули кӯдакони томактабӣ, ҳуҷраи либосивазкунӣ ва ҳуҷраи техникӣ ҷойгир карда шудааст.
Дар ошёнаи дуюм толори бозии кӯдакон, толори хоби кӯдакон, ҳуҷраи мураббиён, толори бозиҳои гимнастикӣ, толори омӯзиши шуғли мусиқӣ ҷойгир аст. 
Мавриди тазаккур аст, ки ин даргоҳи маърифат туҳфаи арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фарзандони сокинони ноҳияи Риштони вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад, ки бо нишони эҳтироми баланду самимӣ нисбат ба мардуми кишвари дӯсту ҳамсоя бунёд шудааст.
Бахтовар Сафаров, 
корманди маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илм