Тарбияро кори саҳл напиндорем

03-04-2018
Тарбияи наврасон яке аз муҳимтарин рукнҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб рафта, дар симои ин насли ояндасоз давлату миллат пойдориву ояндаи хешро мебинад. 
Бахусус, дар замоне ки фазои иттилоотии ҷаҳонро хатари калон таҳдид мекунад, ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардан мебояд. Бино ба таҳлилҳои мутахассисони соҳаи тиб, умри инсон ба якчанд давра тақсим мешавад:  навзодӣ – аз соати таваллуд то 29 – рӯзагӣ; ширхорагӣ – аз якмоҳагӣ то 11 моҳагию 29 – рӯзагӣ; томактабӣ; мактабӣ, ки боз ба ду зина – давраи хурди мактабӣ ва калони мактабӣ тақсим мегардад. Дар маҷмӯъ, ҳамаи ин давраҳоро давраи кӯдакӣ меноманд, ки то 14 – солагиро дар бар мегирад. Баъдтар, давраи наврасӣ   шурӯъ мешавад, ки аз 15 то 17 – солагӣ давом мекунад.  Дар тақсимоти синнусолӣ давраи наврасӣ давраи муҳиму ҳассоси ҳаёти инсон мебошад, зеро   дар ин давра дигаргуниҳои зиёде ба вуҷуд меоянд. 
Дар ин маврид волидайн, омӯзгорон ва ҷомеа бояд ба наврасон аз ҳар ҷиҳат кумак намоянд, то ки онҳо ба роҳи рост раванд. Агар муҳит ва тарбия носолим бошад, бача метавонад ба роҳи нодуруст равад.  Ин ҷо тарбия барои ояндаи неки фарзанд нақши муҳим дорад.  Аммо тарбия танҳо ба гуфтан набуда, пеш аз ҳама  пайравӣ ба бузургон аст.Бояд илму ахлоқро   омӯхт ва мувофиқ бар он амал намуд.Ба қавли Саъдӣ «Илм чандон, ки бештар хонӣ, Чун амал дар ту нест, нодонӣ».    
Аслан, ба таълиму тарбияи тифл аз рӯзи нахустини таваллудаш сар кардан даркор аст. Хушбахтона, ин нуктаи муҳим дар қонуни ҷТ «Дар бораи масъулияти падару модар  дар талиму тарбияи фарзанд» низ таъкид гардидааст, ки баъди таваллуд ба ӯ бояд  ҳуҷҷат гирифт, номи хуб гузошт, барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии вай мусоидат кард.  Кӯшиш кардан даркор, ки фарзандонро  боодобу хушахлоқ, донову соҳибмаърифат, устувору далер дар рӯҳияи ватандӯстӣ, зебопарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ   тарбия намоем, зеро ин  аз вазифаҳои ҷонии падару модар, ҷомеа  мебошад. Фардои дурахшони миллату кишвар вобаста ба тарбияи кӯдакони соҳибмаърифату ватандӯст ва фидокор аст. Ҳаёт тақозо менамояд, шогирдонеро тарбия намоем, ки гуфторашон Ватани азиз, рафторашон хизмат ба Ватан, пиндорашон ободу зебо гардондани Меҳан бошад. Он гоҳ мо осуда хоҳем шуд, ки  дар тарбияи онҳо хато накардаем. 
Тилло ИСМОИЛОВА,
омӯзгори таърих ва ҳуқуқи 
мактаби №97, ноҳияи Сино