ТАҲМИНА ҲОҶИБОЕВА ВА ШАҲЛО НЕЪМАТЗОДА – ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2020”

09-01-2021
    9-уми январи соли равон дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон – 2020” баргузор гардид. Дар он Муҳаммадюсуф Имомзода – вазири маориф ва илм, муовини якум ва муовинони вазир, иштирокдорони озмун, намояндагони раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ширкат варзиданд. 
    Дар оғоз М. Имомзода-вазири маориф ва илм зикр кард, ки давоми се рӯз даври ҷумҳуриявии озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон-2020” гузаронида шуд, ки ҳар як довталаб тибқи низомнома шартҳои муайяншударо иҷро намуда, соҳиби холҳои зарурӣ гашт.
    - Дарёфт ва муаррифӣ намудани мураббиёни боистеъдоду навовар ва эҷодкор, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонӣ, ташаккули қобилияту фаъолияти эҷодии онҳо дар замони муосир, такмили донишу маҳорати касбӣ ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, қадрдонии меҳнати онҳо яке аз ҳадафҳои муҳими озмун маҳсуб меёбад. Довталабон бо маҳорати баланди педагогӣ ва донишу ҷаҳонбинии васеъ фаъолона иштирок намуданд, – таъкид кард М. Имомзода.
    Сипас, раиси аъзои ҳакамон, директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф Лутфия Иматова фаъолияти иштирокчиёни озмунро вобаста ба шартҳо дар алоҳидагӣ мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дод. Зикр гардид, ки дар иҷрои шартҳои муайяншуда – ҳисоботи мураббияҳо дар бораи фаъолияти педагогӣ, саволу ҷавоб аз рӯйи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, таҳлилу баррасии ҳолатҳои равонӣ-педагогӣ, гузаронидани машғулияти таълимӣ, баргузории мизи мудаввар, тасвир ва сохтани мавод тибқи мазмуни раванди таълиму тарбия иштирокдорон фаъолияти  хуб нишон дода, ҳунару маҳорат ва донишу малакаи худро пешниҳоди ҳакамон гардониданд.
    Дар озмуни мазкур 5 нафар – Гулнора Оймадова – мураббияи муассисаи томактабии №6-и ноҳияи Данғара, Шаҳло Неъматзода – мураббияи муассисаи томактабии №152-и ноҳияи Сино, Шаҳноза Раҳимова – мураббияи муассисаи томактабии №7-и шаҳри Ҳисор, Наргис Шарипова – мураббияи муассисаи томактабии №3-и ноҳияи Рӯшон ва Таҳмина Ҳоҷибоева – мураббияи муассисаи томактабии №8-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок карданд. Ҳамин тариқ, бо бартарияти бештари холҳо Таҳмина Ҳоҷибоева – мураббияи муассисаи томактабии №8-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Шаҳло Неъматзода – мураббияи муассисаи томактабии №152-и ноҳияи Сино ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон-2020” гардиданд.
    Ба ҳамаи иштирокдорон ва ғолибон туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи тадорукоти озмун, нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим гардид. Ҳамзамон, аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёни озмун туҳфаҳои пулӣ ва роҳхат барои истироҳат дар осоишгоҳҳо супорида шуд.