Таълими салоҳиятнок ва аҳамияти он дар раванди таълим

05-12-2018
Низоми муносибати салоҳиятнок ба таълим бо даҳ хусусияти худ аз раванди  анъанавии тадрис  фарқ мекунад. Ин омилҳо аз масъулият, шароиту имкониятҳо, машғулият, муаррифӣ  (презентатсия – намоиш додан), супоришдиҳӣ, аксуламал, интихоб, вақт ва арзёбӣ иборат  мебошанд.
Дар таълими анъанавӣ мақсади дарсро асосан маҷмӯи  дониш, малака ва маҳорате, ки  муҳтавои  дарсро ташкил  медиҳад, фаро  мегирад. Дар низоми  таълими  салоҳиятнок бошад, таваҷҷуҳ бештар ба он равона карда мешавад, ки хонандагон ин донишҳоро дар ҳаёт чӣ тавр  татбиқ менамоянд. Хусусиятҳои  раванди  арзёбӣ усулҳои омории арзёбии натиҷаҳои таълимро  дар таълими анъанавӣ ифода мекунад. Дар таълими салоҳиятнок бошад, баҳодиҳии умумии натиҷаҳои таълим (портфолио ва дастовардҳои таълимии хонанда) нақши асосӣ дорад. Барномаҳои таълимӣ дар усули  анъанавии  тадрис тартиби муайяни азхудкунии  донишҳоро фаро мегирад, дар муносибати босалоҳият  ба таълим, мавзӯъ ва мундариҷаи  таълим барои ташаккули салоҳиятҳо ҳамчун восита хизмат мекунанд. Омӯзгорон имконияти  иваз кардани  мавзӯъ ва мундариҷаро доранд. Маводи асосии таълим китоби дарсӣ шинохта мешавад. Сарчашмаҳои гуногун ҳамчун маводи  таълим истифода мешаванд:  китобҳои дарсӣ, китобҳои бадеӣ, донишномаҳо, рӯзномаву маҷаллаҳо, маводи интернет, таҷрибаи хонанда ва ғайра; 
Афзалияти таълими сало-ҳиятнок дар он аст, ки хонанда ба таҳсил ва баҳодиҳии компонентҳои  мавзӯӣ ҷалб гардида, ҷанбаи фикрронияш  тақвият ва сайқал меёбад. Яъне, вай ба умеди  ҳарлаҳзаинаи ёрию ҳидояти омӯзгор нашуда, бевосита худаш матнро хондаву нақл карда, хусусиятҳои ахлоқию тарбиявии онро дарёфт ва дарк карда метавонад.  Дар низоми мазкур заминаи мантиқии таҳлилӣ (анализӣ)-и хонанда, ки аз донишу тафаккур ва мушоҳидаҳои воқеию  боварибахши ӯ бармеоянд, марҳила ба марҳила такомул ва ташаккул меёбанд. Дар раванди таълими салоҳиятнок таваҷҷуҳи зиёд додан ба ҷузъиёт (деталҳо) ва аломату тобишҳои  лаҳзаҳо (эпизодҳо), ки  дар матн (ҳикоя, қисса, шеър, масал ва ғайра) мавқеи муҳим доранд, нақши асосӣ мебозанд. Ҳамин сабку шеваи фаъолияти хонанда дар машғулиятҳо аз фанни забони  тоҷикӣ низ дар  мадди  аввал қарор мегирад. Таври мисол, вай калимаи «зебо»-ро, ки  сифат аст, таҳлил намуда, аломати кию чӣ будани  (инсон, ашё…)-ро дақиқ месозад.
Дар ин радиф, хонанда бо тартиб додани ҷумлаҳо матни  хурд, вале пурмуҳтавоеро  дар атрофи вожаи (сифат) «зебо» таҳия ва иншо мекунад. Ҳамин гуна вай дар хусуси исмҳо (ашёҳо)-и  гуногун маълумоти  грамматикию маъноӣ (луғавӣ)-ро  баён карда метавонад. Перомуни калимаи «мактаб» (дабистон, таълимгоҳ) чӣ қадар  сухан гуфтану нақле ё манзараи  тасвириро офаридан мумкин аст. Дар ин масъала хусусияти  мушоҳидакорӣ ва фикрронии мустақилонаи  хонанда муҳим буда, вай бояд рангу бӯй, мазза, хусусиёти  физикии  ашё, ҳамзамон, ҷиҳати дар амал (ҳаёт) истифода кардани  ашёро  фаҳмондаву тавзеҳ  бахшида тавонад. Ин шеваю тарзи таҳлилу баррасӣ имкон  медиҳад, ки  аз байни хонандагон дар оянда шахсони соҳибтафаккур – олимон, файласуфон, нависандагону  шоирон, мантиқшиносон ва монанди ин ба камол расанд. Аҳамияти бузурги  низоми  таълими салоҳиятнок низ, ба андешаи  мо, асосан аз ҳамин омил иборат аст.
Зебунисо ТУРДИЕВА, 
омӯзгори синфҳои ибтидоии  мактаби №83, ноҳияи Сино